Сармуҳосиби Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”

Home / Сармуҳосиби Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”

Эсанов Абдухалил Тағойбекович

1-уми сентиябри солӣ 1967 дар ноҳияи Темурмалик дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Номбурда аз соли 1974 дар мактаби миёнаи №5-и ноҳияи Темурмалик шурӯъ ба таҳсил карда соли 1984 онро хатм кард.

Баъди хатми мактаб хизмати модар ватанро ба ҷой оварда, баъдан роҳ суи илмомӯзӣ ниҳод. Соли 1989 ба Донишкадаи Аграрии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1994 бо ихтисоси муҳосиб ин донишгоҳро хатм кард. Аз соли 1994  то соли 2002 дар беморхонаи ноҳияи Темурмалик ба ҳайси муҳосиби молу масолеҳ, ҷойнишини сармуҳосиб ва баъдан ба ҳайси сармуҳосиб кору фаъолият намудааст.

Соли 2002 фаъолияти хешро дар Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оғоз кард. Аз соли 2003 то соли 2017 дар Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ ба ҳайси сармуҳосиб фаъолият кардааст.

Айни ҳол номбурда дар маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба ҳайси сармуҳосиб кору фаъолият дорад.

Оиладор соҳиби чор фарзанд.