Шуъбаи тибби сунатӣ
Шуъбаи тибби сунатӣ
Дар қисми ташхисгоҳи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” шуъбаи тибби сунатӣ фаъолият мекунад. Шуъбаи тибби сунатӣ дар ошёнаи дуюми Ташхисгоҳ ҷойгир шудааст. Шуъбаи тибби сунатӣ ягона шуъбаи махсусгардонидашуда дар миқёси ҷумҳури мебошад, зеро дар он ҳамаи амалиётҳо ва табобатҳое, ки ба сунатҳои миллии мо алоқаманди доранд гузаронида мешавад.
Дар шуъба таҷҳизотҳои нодири ҳозиразамон аз ҷумла “Электрокоагулятор KLS Martin-200”, маҷмуи аспобҳо барои ҷарроҳии хурд, панҷ рахти хоб мавриди истифода қарор доранд.
Амалиёти хатнаи писарбачаҳо бо истифода аз таҷҳизоти электрокоагулятор, ки истеҳсоли Олмон аст дар сатҳи баланд гузаронида шуда ҳолатҳои хунравӣ ба амал намеоянд.
Бояд қайд кард, ки дар шуъбаи мазкур гӯшсурохкунии духтарҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар шуъба муоинаю табобати бемороне,ки аз дарди гурда ва роҳҳои пешоб, узвҳои ҷинсии мардона ранҷ мекашанд табобат карда мешаванд. Аз ҳама муҳим табобату ташхиси бенаслии мардона ва занона ба роҳ монда шудааст. Муолиҷа ва табобат бо усулҳои тибби муосир, инчунин гиёҳҳои шифобахши ватанамон роҳандози шудааст.
Шуъбаро номзади илмҳои тиб, духтури дараҷаи олӣ, аълочии тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов А.П. роҳбари мекунад.
Инчунин дар шуъба духтурони дараҷаи олӣ ва мутахасисони ҷавон кору фаъолият мекунанд.