Шуъбаи бемориҳои дил ва наҷот
Шуъбаи бемориҳои дил ва наҷоти қисми бистаринамоии калонсолон
Шуъбаи бемориҳои дил ва наҷот воҳиди сохтори «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» буда, барои расонидани ёрии махсусгардонидашудаи баландихтисос ба бемориҳои гирифтори нуқсонҳои модарзоди, пайдошудаи ва бемории ишемикии дил ташкил карда шудааст. Ёрии мазкур нақшавӣ ва фаврӣ шуда метавонад.
Шуъбаи бемориҳои дил ва наҷот дар фаъолияти худ Қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёри-ҳуқуқи, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи «Маҷмааи тандурустии Истиқлол», фармонҳои директори «Маҷмааи тандурустии Истиқлол», ҳамчунин низомномаи худро сармашқи кори худ қарор медиҳад.
Роҳбарии шуъбаи бемориҳои дил ва наҷотро мудири шуъба ба ӯҳда мегирад. Ба вазифаи мудири шуъба мутахассиси маълумоти олии тиббӣ, аз рӯи ихтисос, номзад ё доктори илми тиб, дорандаи сертификати касбии, соҳиби дараҷанокии олӣ аз рӯи ихтисос, таъин карда мешавад. Афзалият ба олимон ва хатмнамудагони ординатураи клиникавӣ дода мешавад. Мудири шуъба бо фармони директори муассиса ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Муовини директори соҳавӣ бевосита аз болои кори шуъбаи мазкур назорат мебарад. Мақсади асосии шуъбаи бемориҳои дил ва наҷот расонидани ёрии махсусгардонидашудаи баландихтисос ба бемориҳои гирифтори нуқсонҳои модарзоди, пайдошудаи ва бемории ишемикии дил мебошад.
Вазифаҳои асосии шуъбаи бемориҳои дил ва наҷот аз инҳо иборат аст:
- ташхис ва табобати беморони аз 15 сола боло, ки гирифтори нуқсонҳои модарзоди, пайдошудаи ва бемории ишемикии дил мебошанд;
- таъмини иҷрои Протоколҳои клиникии бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида;
- таъмини иҷрои барномаҳои миллии соҳави, ки бо фаъолияти шуъба вобаста мебошад;
- дар фаъолияти шуъба сари вақт ҷори намудани усулҳои муосири ташхису табобати беморон;
- дуруст ба роҳ мондан ва ташикили кори мутахасисони соҳаи тиб;
- таҳия намудани чорабиниҳо барои беҳтар намудани сифати ёрии ташхисию табобатӣ ва пас намудани оризаҳо ва фавт дар шӯъба;
- дуруст ба роҳ мондани тартибдиҳии ҳуҷатҳои тиббӣ аз рӯи муҳлат ва шаклҳои муқарраргардида;
- таҳлили фаъолияти шӯъба сари вақт пешниҳод намудани ҳисобот ба шуъбаи омории маҷмаа;
- пеш бурдани корҳои илмию тадқиқоти дар шуъба;
- мувофиқи нақша тайёр намудани мутахасисон;
- такмили ихтисос ва дараҷонокии кормандони тиббии шуъба;
- риояи реҷаи санитарию гигиенӣ;
- риояи қоидаҳои бехатарии сухтор;
- гузаронидани корҳои санитарию фаҳмондадиҳи бо беморон;
Сохтор ва асли басти шуъба
Шуъбаи бемориҳои дил ва наҷоти «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» дар бинои ҷавобгӯ ба талаботи сохтор, истифодабарӣ, техникаи бехатарӣ, ки барои шуъбаҳои статсионарӣ муқаррар гардидаанд ҷавобгӯй мебошад.
Асли бастаи шуъбаи бемориҳои дил ва наҷот тибқи меъёрҳои штати муассиса дар доираи нақша ва буҷети ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаян карда шудааст.
Сохтори шуъба чунин ҳуҷраҳоро дарбар мегирад
- 4 ҳучраи табобатӣ дорои 1 кат, ки дорои ҳаммом ва ташноби алоҳидаанд
- 2 ҳуҷраи табобатӣ дорои 1 кат, ки ҳамчунин дорои ҳаммом ва ташноби якҷояанд.
- 2 ҳуҷраи табобатӣ дорои 2 кат, ки ҳамчунин дорои ҳаммом ва ташноби якҷояанд.
- 4 палатаи эҳёву интенсивӣ
- Боғи зимистонаи барҳаво,
- ҳуҷраи ординаторон
- ҳуҷраи ҷароҳатбандии
- 2 ҳучра (мардона ва занона), барои кормандон, бо ҳаммом ва ташноби алоҳида
- ҳуҷраи хоҷагидор,
- 2 ҳуҷра барои либосҳои тозаву чиркин,
- ҳуҷраи ҳамшираи калон,
- ҳуҷраи мудири шӯъба,
- ошхона.
Аз рӯзи аввали фаъолият кормандони шӯъбаи бемориҳои дил ва наҷот, таъмини хизматрасонии махсусгардонидашударо ба беморони бо нуқсонҳои модарзодии ва пайдошудаи дилро ба ӯҳда доранд.