Маркази ёрии таъҷилии тиббии
Маркази ёрии таъҷилии тиббии
Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ муассисаи табобатию пешгирӣ буда, ба аҳолӣ ҳангоми бемории шадиди ба ҳаёт хатарнок, ҳодисаҳои нохуш дар ҷои ҳодиса ва ҳангоми раҳсипорӣ ёрии таъҷилии тиббӣ мерасонад.
Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазири тиббӣ дар шаҳри Душанбе ки зиёда аз 500 ҳазор аҳолӣ дошта таъсис ёфта, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе №133-15 аз 22.04.2016 дар ҳайати Муассисаи давлати МТ «Истиклол» дохил буда ба сокинони ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино хизматрасонии ёрии таъҷили тиббиро таъмин менамояд.
Дар шаҳрҳои аҳолиашон аз 500 ҳазор нафар зиёд дар ҳайати Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазири тиббӣ, зерстансияҳо ташкил карда мешаванд. Сатҳи хизматрасонии зерстансияҳои ёрии таъҷилии тиббӣ бо пешниҳоди директори Марказ, ташкилотҳои болоии тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян месозанд.
Марказ бо назардошти расидани нақлиёти санитарӣ ба муддати 15 дақиқа ва хизматрасонии тиббӣ ба 75-200 ҳазор аҳолӣ ташкил карда шудааст. Мавзеи хизматрасонии Марказ бо назардошти миқдор, зичӣ ва синну соли аҳолӣ, ҷойгиршавии сохтумонҳо, муассисаҳои саноатӣ ва роҳҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шуда аст.
Дар Маркази ёрии таҷилии таъхирнопазирии тиббӣ бо назардошти шумораи аҳолӣ бригадаҳои махсусгардонида шуда, барои хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, аз он ҷумла: бригадаҳои махсусгардонидашудаи дилшиносӣ (1 адад), равонпизишкӣ, 1 адад бригадаи наҷотдиҳию мадҳушнамоӣ ва 1 адад бригадаи асабшиносӣ ташкил карда шудааст. Бо назардошти талабот барои кашонидани ҳомиладорон ва беморон ба муассисаҳои табобатӣ бо розигии роҳбарияти Марказ, нақлиёти санитарӣ бо корманди тиб ҷудо карда шудааст.
Дар Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ 50%- и бригадаҳои махсусгардонидашударо бригадаҳои муолиҷавии интенсивӣ (БМИ), ки ташкил менамояд.
Дар Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ ба 10 ҳазор аҳолӣ 1 адад нақлиёти санитарӣ ҷудо карда шудааст.
Нақлиёти тиббӣ мутобиқи стандарти давлатӣ (ГОСТ) нишони ягонаи ифодакунанда таҷҳизоти махсуси «маяк», бонги хатар, радиостансия, алоқаи мобилӣ, дорад.
Нақлиёти тиббӣ мунтазам безарар гардонида мешавад. Хусусан бо ин нақлиёт агар беморони сироятиро оварда бошанд, нақлиёт ҳатман аз тарафи беморхонае, ки беморро қабул кардааст, корҳои безараргардонӣ гузаронида мешавад.
Барои амалӣ намудани назорати даъватҳои Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазири тиббӣ бо назардошти 100 ҳазор даъват дар як сол, як нақлиёти тиббии бе таҷҳизотҳои махсус, инчунин барои зарурияти хоҷагидорӣ бошад ба ҳар як Марказ як адад нақлиёти тиббӣ ҷудо карда мешавад.
Бригадаҳои Маркази ЁТТ бо назардошти 1 бригадаи ЁТТ ба 10 ҳазор аҳолӣ ташкил карда шудааст.
Муҳлати баромадан ба даъвати ёрии таъҷилии таъхирнопазири тиббӣ – то 4 дақиқа муайян шудааст.
Бригада (табибӣ, пизишкёрӣ) – воҳиди асосии амалкунандаи Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ буда, дар асоси воҳидҳои меъёрӣ дар як баст ташкил карда шудааст. Бригадаҳои сайёри Марказ ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ омодагии ҳамеша шудааст, ҳамзамон дар ҳолатҳои фавқуллода, садамаи оммавӣ, офатҳои табии бригадаҳои зудамал ба ҳисоб мераванд.
Барои расонидани ёрии таъҷилии таъхирпазири Марказ, бригадаҳои дахлдорро бо табибону кормандони миёна ва хурди тиббиро мефиристад. Табиб ва пизишкёр дар итоати табиби калони баст мебошанд. Табиб сардори бригада ба ҳисоб меравад. Ба табиб пизишкёр, корманди хурди тиб ва ронанда итоат менамоянд. Ба пизишкёр, корманди хурди тиб ва ронанда супоришҳои сардори бригада (табиб) ҳатмӣ буда, онро ҳамаи аъзоёни бригада иҷро менамоянд. Ҳангоми беморро бо замбар кашонидан, ҳамаи аъзоёни бригада иштирок мекунанд.
Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ бо реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Даъватҳо аз аҳолӣ танҳо аз тарафи кормандони тиббӣ қабул карда мешаванд.
Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазири тиббиро мудири марказ, роҳбарӣ менамоянд.
Бригадаҳои махсусгардонидашуда бо фармоиши сардори баст ё пизишкёри мутасаддӣ ба даъват фиристода мешаванд. Даъвати бригадаҳои махсусгардонидашуда аз тарафи табибон ва кормандони миёнаи тиб амалӣ шудааст. Дар ҳолати дучор гаштани беморон ба ҳолатҳои садамаи барқӣ, осеббардорӣ, хуншорӣ, асфиксияи механикӣ ва дигар ҳолатҳои ба ҳаёт хатарнок, бригадаҳои махсусгардонидашуда бо даъвати аҳолӣ фиристода мешаванд.
Дар Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ ба шахсони муроҷиаткунанда ёрии тиббӣ расонида мешавад. Бо мақсади ҷо ба ҷокунии беморон дар беморхонаҳо Маркази ёрии таъхирнопазирӣ ҷойҳои холии таваллудхонаҳо, касалхонаҳоро ба ҳисоб мегирад.
Осебдидагон ва беморони аз тарафи бригадаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ овардашуда дар шӯъбаи қабул аз муоинаи ҳатмии табибон гузаронида шуда, дар ҳолати зарурӣ новобаста аз набудани ҷои холӣ бистарӣ карда мешаванд.
Барои ба осебдидагони садамаҳои оммавӣ расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ Марказ бояд бо захираи моҳонаи лавозимоти басту банд, дорувориҳо, замбарҳо, инчунин бо таҷҳизотҳои махсуси зарурӣ таъмин шудааст, аз он ҷумла бо воситаҳои рӯшноӣ, барои заҳролудшудагон бо ниқобҳои зиддигазӣ, барои заҳролудшудагон аз маводҳои сахтаъсири заҳролуд, борхалтаҳои иловагӣ бо маводҳои басту банд, сӯзандоруҳои якмаротиба истифодашаванда ва доруворӣ таъмин шудааст.
Бо мақсади ба низом даровардани ҳамкории байни муассисаҳои табобатӣ ва Марказ ҳангоми хизматрасонии тиббӣ ба беморон, бо тибқи нақшаи кори ташкилоти болоии тандурустӣ роҳбарияти МЁТТ бо роҳбарони муассисаҳои дар ҳудуди хизматрасонии Марказ ҷойгир буда, доир ба масъалаҳои ташкили мунтазам машваратҳо мегузаронад.
Фаъолияти Марказ ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ мутобиқи фармонҳо, дастурҳои Ҳукумати шаҳри Душанбе Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии шаҳрҳ ба тартиб дароварда мешавад.
Марказ ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо муассисаҳои табобатӣ, милитсия, хадамоти бозрасии автомобилӣ, сӯхторнишонӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ амалӣ менамояд.
Мудирони шӯъбаҳои қабули муассисаҳои дар ҳудуди хизматрасонии Марказ ҷойгир буда, доир ба масъалаҳои ташкили хизматрасонии тиббӣ дар марҳилаи тобистарикунонӣ дар итоати мудири Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ мебошанд.
Ҳуҷҷатгузории Марказ ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ иборат аст:
А) дафтар ё варақаи бақайдгирии даъватҳо, шакли №109/у;
Б) варақаи даъвати ёрии таъҷилии таъхирнопазир ва таъхирпазирии тиббӣ, шакли №110/у;
В) варақаи ҳамроҳ бо шакли № 114/у;
Г) дафтари кори Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ, шакли №115/у;
Д) ҳисоботи Марказ, шакли №40
Мўҳлати нигоҳдории варақаҳои даъъвати ёрии таъхирнопазир ва дафтарҳои бақайдгирии даъватҳо 1 сол мебошад (намуди электронӣ — 5 сол).
Маркази ёрии таъхирнопазирии тиббӣ дорои алоқаи телефонии шаҳрӣ бо назардошти 1 нуқта ба 50 ҳазор аҳолӣ, алоқаи радиоӣ, (мобилӣ) бо бригадаҳои сайёр ва алоқаи шаҳрӣ бо муассисаҳои табобатӣ, милитсия, хадамоти сўхторнишонӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) мебошад. Барои назорат бурдан ба дурустии қабули даъватҳои телефонии «03», сабти магнитофонӣ ё электронӣ, истифода бурда мешавад. Мўҳлати нигоҳдории диск на камтар аз 1 моҳ аст.
Воҳидҳои кории Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ мутобиқ ба воҳидҳои меъёрӣ ба роҳ монда шудааст.
Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ варақаҳои корношоямӣ, экспертизаи судию тиббӣ намедиҳад, экспертизаи майзадагиро намегузаронад. Шўъбаи маълумотдиҳии Марказ ёрии таъҷилии таъхирнопазирӣ тариқи телефонӣ маълумотҳои шифоҳӣ медиҳад ё ҳангоми муроҷиати шахсӣ дар куҷо ва дар кадом беморхона бурдани беморро хабар медиҳад. Маъмурияти Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ танҳо бо дархости мақомоти судӣ, прокуратура, милитсия ва муассисаҳои табобатӣ ва дигар муассисаҳо метавонад маълумотномаро пешниҳод намояд.
Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ муассисаи мустақил, шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мўҳри худ мебошад.
Вазифаҳои асосии Марказ ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ инҳоянд:
Баъди қабули даъват дар мўҳлати кўтоҳтарин ба беморон ва осебдидагон расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ. (мутобиқи низомномаи навбатии раҳсипории фаврии бригадаҳои ЁТТ.
Кашонидани бемороне, ки ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз доранд: осбебардошта, занони таваллудкунанда, кўдаки норасӣ таваллудшуда бо модараш.
Маркази ёрии таъхирнопазирии тиббӣ чунин хизматрасониҳоро таъмин менамояд:
Расонидани ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ ҳангоми:
бемории ногаҳонии ба ҳаёти бемор хафнок (сактаи дил, системаи асаб, узвҳои нафаскашӣ, узвҳои дарунӣ ва ғ);
Ҳодисаҳои нохуш (осеб, захмбардорӣ, сўхтан, дучори садамаи барқӣ шудан, сармозада, ғарқшуда, роҳи нафас гирифта ва ғ) заҳролудшавӣ, даст ба худкушӣ задан ва ғайра.
Берун аз муассисаҳои махсусгардонидашуда таваллуд кардан,
Расонидани ёрии таъҷилии таъхирнопазири тиббӣ ҳангоми бемориҳои шадид, инчунин беморҳои шадиди кўдакони то синни 1 сола.
Маркази ёрии таъҷилии таъхирнопазирии тиббӣ вобаста аз миқдори даъватҳо дар як сол, ба 6 дараҷа тақсим мешаванд:
Берун аз дараҷа — зиёда аз 100 ҳазор даъват дар як сол
Дараҷаи 1-ум — аз 75 то 100 ҳазор
Дараҷаи 2-юм — аз 50 то 75 ҳазор
Дараҷаи 3-юм — аз 25 то 50 ҳазор
Дараҷаи 4-ум — аз 10 то 25 ҳазор
Дараҷаи 5-ум — Марказ ҳуқуқ дорад бо сабаби зиёд шудани ҳаҷми даъватҳо, воҳидҳои кории иловагиро тасдиқ намояд, дар мувофиқат бо директори МДМТ «Истиқлол ». аз 5 то 10 ҳазор.