Месяц: Май 2019

Асосӣ / 2019 / Май
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31.05.2019 12:15, шаҳри Душанбе
Запись

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31.05.2019 12:15, шаҳри Душанбе

31 май дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст “Оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 дар соли 2018” ва Дар бораи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба...

Изҳороти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск 30.05.2019 19:27, шаҳри Душанбе
Запись

Изҳороти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск 30.05.2019 19:27, шаҳри Душанбе

Муҳтарам ҷаноби Туск, Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма, Хонумҳо ва ҷанобон, Мо чанд лаҳза пеш бо меҳмони олиқадри худ — Президенти Шӯрои Аврупо, Ҷаноби Олӣ Доналд Туск, ки бо нахустин сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, мулоқоту музокирот ва суҳбатҳои самарабахшро ба анҷом расонидем. Равобити ҳасана ва дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тайи давраи...

Сафари расмии Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон 30.05.2019 19:20, шаҳри Душанбе
Запись

Сафари расмии Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон 30.05.2019 19:20, шаҳри Душанбе

29 май Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. 30 май маросими истиқболи расмии меҳмони воломақом дар Қасри миллат баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Тускро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими...

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 29.05.2019 14:01, Қазоқистон
Запись

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 29.05.2019 14:01, Қазоқистон

29 май дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ҷаласа сарони давлатҳои аъзои иттиҳод — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, инчунин Молдова чун давлати нозир ва...

Мулоқот бо нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 28.05.2019 18:09, Қазоқистон
Запись

Мулоқот бо нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 28.05.2019 18:09, Қазоқистон

28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон бо нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона доир гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди ҷараёни рушди бомуваффақияти муносибатҳои...

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон 28.05.2019 14:00, шаҳри Душанбе
Запись

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон 28.05.2019 14:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси...

Мулоқот бо Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу 28.05.2019 12:37, шаҳри Душанбе
Запись

Мулоқот бо Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу 28.05.2019 12:37, шаҳри Душанбе

28 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгуро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушди минбаъдаи маҷмуъи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону...

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ёрирасони назди Қӯшунҳои сарҳадӣ 28.05.2019 09:38, шаҳри Душанбе
Запись

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ёрирасони назди Қӯшунҳои сарҳадӣ 28.05.2019 09:38, шаҳри Душанбе

Дар идомаи боздиди корӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ёрирасони назди Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат дидан карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи кишти тирамоҳии маҳсулот...

Иштирок дар расми гузашти низомӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ 28.05.2019 09:36, шаҳри Душанбе
Запись

Иштирок дар расми гузашти низомӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ 28.05.2019 09:36, шаҳри Душанбе

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон...

Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ 28.05.2019 09:35
Запись

Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ 28.05.2019 09:35

Рафиқон генералҳо, афсарон, прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ! Муҳтарам намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ! Ҳозирини гиромӣ! Бо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз баракати онҳо барои ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид...