Оё дарунравӣ барои кӯдакон хатарнок аст?!

Асосӣ / Оё дарунравӣ барои кӯдакон хатарнок аст?!

Оё дарунравӣ барои кӯдакон хатарнок аст?!

Даврунравӣ тавассути беобгардонии организм метавонад боиси фавти кӯдакон гардад. Дарунравӣ (Диарея) дар марҳалаи ҳозира дар байни дигар бемориҳои кӯдакона ҷои асосиро ишғол менамояд ва яке аз сабабҳое мебошад, ки фавти ҳам кӯдакон ва ҳам навзодонро асоснок менамояд. Ин беморӣ барои соҳаи тандурустии бисёре аз мамлакатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон мушкилоти ҷиддиро эҷод мекунад. Мувофиқи нишондодҳои ТУТ ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 1,5 миллион кӯдаки синашон то 5 сола аз дарунравӣ талаф меёбанд. Дар Тоҷикистон бошад ин беморӣ ҳар сол ҳаёти тақрибан 1500 кӯдакро аз байн мебарад. Сабабгори асосии дарунравӣ ин микробҳое мебошанд, ки дар наҷосат ҷойгир шуда, ба организм ба воситаи даҳон дохил мешаванд. Бо фаро расидани гармӣ шумораи бемориҳои дарунрав якбора зиёд мегардад, чунки микробҳои касалиовар дар шароити гармӣ зуд афзоиш меёбанд.

Ин махсусан дар ҷойҳое бештар ба назар мерасад, ки партовҳо сари вақт тоза карда намешаванд, қоидаҳои беҳдоштӣ ва вогирӣ нағз риоя карда намешаванд.

Ба ғайр аз ин ба дарунравӣ зиёдтар кӯдаконе, дучор мешаванд, ки ба ҷои шири модар ҳар гуна ғизоҳои суннӣ истеъмол менамоянд. Синамаконӣ имкон медиҳад, ки кӯдакон камтар ба дарунравӣ дучор гарданд. Шири модар ин манбаи беҳтарини моеъ ва ғизо барои кӯдакони мубталои дарунравӣ мебошад, зеро серғизо буда, барои баланд бардоштани дараҷаи сироятнопазирии кӯдак ёрӣ мерасонад. Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Шири модар шираи ҷони ман аст,
Аз тамоми дард дармони ман аст.

Риоя намудани тозагӣ кӯдакро аз дарунравӣ эҳтиёт менамояд. Яке аз манбаҳои сироятёбии кӯдакон ин тамос бо бемории сироятёфта мебошад, ки дар вақти беморӣ тавассути қайдкунӣ ва наҷосат микробҳои зиёдро хориҷ менамояд. Бисёре аз кӯдакон бошад баъди нушидани оби ноҷӯшида сироят меёбанд. Дар баъзе ҳолатҳо ношуста истеъмол намудани меваю сабзавот низ метавонад сабабгори пайдо шудани дарунравӣ гардад. Чуноне, ки қайд намудем зиёда кӯдаконе мубталои бемории дарунрав мегарданд, ки шири суннӣ истеъмол менамоянд. Чунки шишачаҳо ва пистонакҳое (соска), ки тавассути онҳо ба кӯдак ғизо медиҳанд, пурра безарар гардонида намешаванд. Барои пешгирии дарунравӣ мувофиқи шароити ҷойдошта ҳамаи наҷосатро партофта, парпечи (подгузник) кӯдакро сари вақт иваз намудан лозим аст. Инчунин баъди қазои ҳоҷат, пеш аз таъом ва пеш аз маконидани кӯдак дастро ҳатман бо собунуни моеъ  шустан лозим аст  ва танҳо оби ҷушонидашударо истифода бурдан лозим аст. Барои додани ғизои кӯдакон аз истифодаи шишачаҳо  ва пистонак худдорӣ намуда, ба кӯдак бо қошуқча ғизо додан лозим аст. Яке аз роҳҳои пешгирии дарунравӣ ин мубориза бар зидди пашаҳо аст, ки ҳомили асосии паҳн шудани ин беморӣ мебошанд. Дигар, ин ки  дар асоси тавсияҳои ТУТ аз соли 2009-ум барои мубориза ва пешгирии сирояти ротавирусӣ ваксинаи (ротарикс)   дар амалия истифода бурда мешавад, дар Тоҷикистон  бошад аз соли 2014 барои кӯдакони аз синни 2-3-моҳагӣ истифода бурда мешавад, ки фавти кӯдаконро аз ин бемории вазнин якчанд маротиба пешгирӣ менамояд.

Аломатҳои асосии дарунравӣ ин дар як рӯз 3 маротиба ё аз ин бештар зоҳир шудани наҷосати обакӣ мебошад. Баъзан беморӣ аз қайкунӣ оғоз меёбад. Қайкунӣ низ 2-3 маротиба ё пай дар пай оғоз меёбад. Зуҳуроти дигари бемори бетоқатӣ, ҳарорати баланд, ташнагии сахт, хушкшавии  луобпардаҳои даҳон, фуруравии  чашмҳо ба косахонаи сар, хушкии пӯст бадан ва кам шудани пешоби кӯдак мебошанд.

Агар аз як тараф нишонаҳои камобии бадан вазнини ҳолати кӯдакро асоснок гардонанд аз тарафи дигар дар аснои таби баланд заҳролудии бадан зиёд мешавад. Ин метавонад дар муддати кӯтоҳ сабабгори носомонии кори дилу шушҳо ва системаи асабу гурдаҳо гардад. Волидайн бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳар қадар ҳарорати кӯдак баланд шавад, дарунравӣ ва қайкунӣ бештар бошад, ҳамон қадар беморӣ вазнинтар мегузарад. Дар ҳолати пайдо шудани ҳолатҳои зерин волидайн бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд;

  • Наҷосати обакии чандкарата дар муддати як-ду соат;
  • Наҷосати хунолуда;
  • Дилбеҳузурӣ ва қайкунии пай дар пай;
  • Ҳарорати баланд;
  • Рад намудани ғизо;
  • Беҳолӣ ва хоболудкунии кӯдак;
  • Зиёда аз як ҳафта давом ёфтани дарунравӣ.

Баъзан волидайн дар он ақидаанд, ки истифодаи моеъ дарунравии кӯдакро зиёд менамояд. Бояд қайд намуд, ки ин ақида хато аст.  Ба кӯдаки мубталои ин беморӣ то тамом шудани дарунравӣ ҳар чи бештар моеъ нушонидан лозим мешавад. Ин имконият медиҳад, ки миқдори талафёфтаи оби организми кӯдак барқарор гардад. Волидайн  бояд дар ин маврид ба тавсияҳои зерин диққати ҷиддӣ диҳанд:

Синамаконии кӯдакро новобаста аз давом ёфтани дарунравӣ идома медиҳад. Модарон бояд аз ҳарвақта бештар ба кӯдак синна диҳанд.

Истифодаи зиёди моеъ, махсусан маҳлули намакдори регидронро давом диҳанд. Дар таркиби регидрон дар як воя 20 гр глюкоза, 3,5гр хлориди натрий, 2,9гр лимӯи турши натрий, 2,5гр бикарбонати натрий ва 1,5гр хлориди калий мавҷуд аст. Як воя (пакет) барои дар як литр оби ҷушонидашудаи ширгарм маҳлул намудани он пешбинӣ шудааст.

Ҳангоми дастрас набудани регидрон камобшавии организми кӯдакро бо истифодаи маҳлулҳои зерин пешгирӣ намудан мумкин аст:

  • Як литр оби ҷӯшонидашудаи ширгарм;
  • Чор қошуқчаи майда шакар;
  • Ним қошуқчаи майда намаки ошӣ.

Ҳангоми тайёр намудани ин маҳлул таркиби онро дуруст ҳисоб намудан лозим аст, зеро истифодаи шакари зиёд шиддати дарунравиро зиёд мегардонад. Намаки зиёд бошад барои кӯдак заранок аст.

Инчунин барои обиштарӣ (регидратсия) истифода бурдани биринҷоба, оби ҷӯшонидашуда, зардолуоб, шарбати меваи тару тоза, ҷушонидани пӯсти анор, оби мавиз, ҷурғот, шӯрбои сабзавот ва биринҷ тавсия дода мешавад.

Кӯдаконе, ки омехтаҳои шири мутобиқшударо истеъмол менамоянд, бояд ҳар дафъа баъди дарунравӣ ба таври иловагӣ дар синни то дусолагӣ аз чоряк то нимкосаи калон моеъ истеъмол намоянд. Агар дар кӯдак дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ мушоҳида шавад, бояд тахминан 10-15 дақиқа танаффус намуда, обиштариро давом додан лозим аст.

Дар хотир доред, ки ба кӯдак ҳангоми дарунравӣ додани антибиотикҳо ва дигар доруҳое, ки духтурон таъин накардаанд, мумкин нест.

Саидов Файзалӣ Баротович — Сартабиби қисми бемориҳои соматикии кӯдаконаи МД МТ “Истиқлол” — табиби дараҷаи олӣ.