Шуъбаи модар барои нигоҳбинии кӯдакони бемор бо шароити махсус ва бистаринамоии рӯзона
Шуъбаи модар барои нигоҳбинии кӯдакони бемор бо шароити махсус ва бистаринамоии рӯзона
- Вазифаи шуъбаи модар барои нигоҳбинии кӯдакони бемор бо шароити махсус ва бистаинамоии рӯзона, расонидани ёрии махсусгардонидашудаи баландихтисос ба беморони гирифтори бемориҳои ҷаррроҳии кӯдакона мебошанд.
- Ҳадафҳои асосии шуъбаи модар барои нигоҳбинии кӯдакони бемор бо шароити махсус ва бистаринамоии рӯзона аз инҳо иборат аст:
- ташхис ва табобати беморони синни аз 1 то 18 сола.
- дар фаъолияти шуъба саривақт ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобати беморон;
- дуруст ба роҳ мондан ва ташкили кори мутахассисони соҳаи тиб;
- таҳия намудани чорабиниҳо барои беҳтар намудани сифати ёрии ташхисию табобатӣ ва паст намудани оризаҳо ва фавт дар шуъба;
- дуруст ба роҳ мондани тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои тиббӣ аз рӯи мӯҳлат ва шаклҳои муқаррагардида;
- гузаронидани корҳои санитарию фаҳмондададиҳӣ бо беморон.
Дар шуъба 1-духтур – мудири шуъба, 7-корманди миёнаи тибб ва 6 кормандони хурди тиб, фаъолият менамоянд.
Дар шуъба усулҳои нави ҷарроҳи бемориҳои батни: бемории Гиршпрунг бо усули трансаналӣ, бемориҳои урологӣ, гузаронидани гели зиддирефлюкси,бо воситаи систоскоп гирифтани сангҳои ҳаҷмашон 6-7 мм гузаронида мешавад.