Гепатитҳои вируси чи гуна бемори аст?
Савол ба мутахассиси соҳаи тиб Лола Шавкатовна
Гепатитҳои вируси чи гуна бемори аст?
Намудҳои гепатитҳои вируси мешаванд: «А», «В», «С», «Д», «Е», «F», «G». Гепатити вирусии «А» ва «Е»-ин бемории шадиди сироятии вируси буда, бо роҳҳои фазладаҳони, бо зарарёбии ҷигар, испур ва пайдошавии аломатҳои заҳролудии он бо варами ҷигар пайдо мешавад.
Барангезандааш: -энтеровируси генотипи РНК-миқдор мебошад. Гепатитҳои «В» ва «С»-ин бемории шадиди сироятии вируси буда, бо роҳҳои перкутани (задани ягон чизи бегона) ва дар вариантҳои гуногуни клинико-патогенетики мегузарад, ки ҷигар ва испурч зарар ёфта, варам мекунад. Гепатитҳои вируси ин яке аз мушкилотҳои ҷиддии Тандурусти дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки беморшави зиёд шуда истодааст, ҳам намуди шадид ва музмин, ки ба оқибатҳои нохуш (иғмои чигар-печеночная кома, гепатитҳои музмин, сиррози ҷигар, гепатомаи гепатоцелюляри) ва ба фавт оварда мерасонад.
Барангезандаи гепатити вируси «В»-вируси гепатнавириде, гуруҳи бетоксоникии ДНК-миқдор ва гепатити вирусии «С» ва «Д» РНК-миқдор мебошад.
Нишонаҳои бемори чи гуна аст?
Нишонаҳои саририи гепатити вируси «А» ва «Е»-аз давраҳои ниҳони, авҷгири ва сиҳатшави иборат мебошад.
1) Давраи ниҳони аз7-21 то 30-50 рӯз идома медиҳад. Бемори шадид, бо заҳролудшавии бадан, баландшавии ҳарорати бадан то 38-40 градус, аломатҳои катарали-газакгирии гулу ва бинӣ, дарди сар, беқуввати, беиштиҳои, дилбеҳузури, яъне зукоммонанд сар мешавад. Баъди 3-4 рӯз гузаштан ивазшавии ранги пешоб, фазла ва калоншавии ҷигар ва испурч (20%) дида мешавад.
2) Давраи авҷгири 2-3 ҳафта давом мекунад. Нишонаҳои давраи ниҳони паст шуда, дар пардаҳои луобии забонча, коми сахт ва милки чашмон, баъдан дар пусти бадан, сафедии чашмҳо-зарди пайдо мешавад, ин ташхиси-тифрикии асоси ВГА ва ВГЕ назар ба дигар гепатитҳо мебошад.
3) Давраи сиҳатшави аз 1-2 то 8 моҳ давом мекунад, нишонаҳои бемори оҳиста-оҳиста нест шудан мегирад. Нишонаҳои сарии ВГВ- ВГС- ВГД: — давраи ниҳони аз 60 -120-180 рӯз иборат аст. Нишонаҳои асосии бемори оҳиста-оҳиста сар мешавад, бо беиштиҳо, беқуввати, дилбеҳузури, зардаҷуши, дарди кунд дар мавқеъи меъда ва зерқабурғаи рост, дарди буғумҳо баъди 1-2 ҳафта, ранги пешоб ва фазла иваз шуда, пайдошавии зардии пусти бадан ва сафедии чашмҳо дида шуда, ҷигар ва испурч аз меъёр калон мешавад.
— Давраи продромали (пеш аз зардшави) 5-60 рӯзро дар бар мегирад, ки аз 3-алоимҳо иборат аст: астеновегетативи, диспепсики ва артралгия. Бемор, беиштиҳо, беқуввати, дилбехузурию қайкуни, гоҳо пайдошавии бусуротҳо дар пусти бадан ва гоҳо дардҳои мушакҳою буғумҳо. Давраи зардшавии пусти бадан ва сафедии чашмҳо: аз 7-30 рӯз давом медиҳад. Бемори бо оҳиста баландшавии зардии пусти бадан, заҳролудии бадан, ивазшави ранги пешоб ва фазла, калоншавии ҷигар ва испурч, каме дардноки дар мавқеъи ҷигар, гоҳо дамиши шикам.
— Давраи сиҳатшави 2-12 моҳ давом мекунад. Ҳамаи нишонаҳои бемори оҳиста-оҳиста нест мешавад.
Ин бемори роҳҳои табобат дорад ё на?
Албатта, агар беморон бармаҳалу сари вақт ба табиб муроҷиат кунанд 100%-табобатшаванда аст. Беморро бо дорувориҳои зидди вируси, энтеросорбентҳо, ферментҳо, барои ҳимоятгарии ҷигар (гепатопротекторҳо), моҳҳои зидди заҳролудшави, дегидротациони, глюкокорти костероидҳо, гемостатикҳо, плазмо-гемотрансфузия, антибиотикҳо ва ғайраҳо табобат меёбанд.
Аз ҳама беҳтар чи бояд кард, ки ба ин бемори гирифтор нашуд, пешгирии ин бемори дар чист?
Одами солим бояд барои пешгири аз ин беморӣ ба беҳдошти шахсии худ риоя кунад. Ҳамеша дастонро шуяд, оби ноҷушидаро истеъмол накунанд, кӯдакони навзодро дар таваллудхона ё ин, ки дар дармонгоҳҳо ваксинаи зидди вирусҳои гепатит гузаронанад. Дар хона ё ҳамсояҳо бемории гепатити вируси пайдо шавад, бояд атрофиён аз бемор эҳтиёт бошанд, ҷудо нигоҳ доштани бемор, таҳти назорат гирифтани шахсони дар тамос буда. Бо маҳлулҳои хлордошта безарар гардонидани анҷоми хона, сару либос, рафти хоби бемор ва асбобҳои тиббии дар бемор истифодашуда. Риояи чунин ҳолатҳо барои пешгирии чунин бемори бисёр муфид аст.