Чи тавр бояд остеохондрозро пешгирӣ кард.
Чӣ тавр бояд остеохондрозро пешгирӣ кард.
Остеохондроз аз ду калимаи юнонӣ: “остеон”-устухон ва “хондроз”-буғум иборат аст. Чи тавре ки медонем, сутунмуҳра аз устухончаҳои сутунмуҳра ва диски байни сутунмуҳраҳо ва буғумҳо иборат аст. Саршавии бемории остеохондроз аз мавзеи оғозаш тадриҷан бо дардҳои шадид дар узвҳои гуногуни бадан, хусусан қисми поёни миён ва гардан мегузарад.
Аз рӯи сохт мо медонем, ки дар байни ҳамаи сутунмуҳраҳо канали ҳаромағз мегузарад. Дар он худи ҳарромағз ҷойгир аст ва аз он решаҳои асаб мегузаранд ва дар навбати худ ҳама узвҳо ва системаҳои баданро идора мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки остеохондроз ба ҳамаи организм таъсири худро мерасонад. Қариб ҳама бемориҳои узвҳои дарунӣ аз ҳолати сутунмуҳра вобаста мебошанд. Беҳуда нагуфтаанд: сарчашмаи ҳамаи бемориҳо, асаб аст. Барои ҳамин ҳам ҳангоми табобат ва беҳтар шудани ҳолати сутунмуҳра ҳолати тамоми бунияи инсон хубтар мешавад.
Аксаран дар вақти табобати остеохондроз мариз аз бемориҳои гастрит, колит, захми меъда, астмаи бронхиалӣ, санги гурда, бемориҳои гуногуни пӯст, инчунин аз илтиҳоби занона ва мардона раҳо меёбад. Дар баробари пиршавӣ ва беҳолшавии сутунмуҳра мушакҳои он ҳам пир ва беҳол мешаванд, ки ин ба вайроншавии ғизо ва ҷамъшавии моддаҳои аз натиҷаи метаболизм ба вуҷудоянда меоварад. Дар натиҷа мушакҳо хусусияти оромиро аз даст медиҳанд ва ҳама вақт зери фишор қарор мегиранд. Ин боис мегардад, ки мубодилаи моддаҳо дар пайвандҳо ва рагҳо вайрон шавад.
Ҳамин гуна, сутунмуҳра, ки аз 24-муҳраҳои бо ҳам пайваст иборат мебошад, дар он чорбанд ва копчик асоси сохтор (склет) маҳсуб мешаванд. Склети одам зиёда аз 200-усухон ва 700-мушаки ба онҳо пайваст таркиб ёфтааст. Табобати сутунмуҳраро аз мушакҳо, пайвандҳо, рагҳо, ки онро иҳота кардаанд ҷудо тасаввур кардан ғайри мумкин аст. Табобатро бояд пурра бо фарогирии тамоми организм ва хуб кардани ҳолати сутунмуҳра ба роҳ монд.
Шахсе, ки мехоҳад бемории остеохондрозро табобат кунад ва онро аз байн барад, бояд ин қоидаро донад: “Ҳолати сутунмӯҳра – ҳолати организм”. Чуноне медонем, бемороне, ки бо дарди миён ба дармонгоҳ муроҷиат мекунанд, табиб ба онҳо варақаи беморӣ ё аналгетикҳо тавсия медиҳад ва дар ҳолати беҳбудӣ бемор ба кор шурӯъ мекунад, хусусан, агар бемор ба сини нафақавӣ нарасида, ҷавон бошад. Ҳамин тавр, бемор бо дарди миён дучор мегардад, дар сурате ки сари вақт табобат нагирад ва фикр кунад, ки номаълум бо кадом сабабҳо худи дард оҳиста – оҳиста гум мешавад. Раванди беморӣ марҳила ба марҳила дар бадани бемор зиёд мешавад, дарди миён шиддат мегирад ва то дараҷае мерасонад, ки карахтшавии дасту пой, аз пой мондани бемор ва гум кардани фаъолияти корӣ сар мезанад.
Аз тарафи дигар, бемор дар марҳилаи римисия мебошад, аммо тарс аз он дорад, ки қоматашро рост бигардад. Бори дигар қайд мекунем, ки дар баробари табобати ин беморӣ муолиҷаи мануалӣ бо машқҳои кушодашавии бандҳо ва мустаҳкамкунии мушакҳо, масҳ барои тезтар ва беҳтар гардидани модаҳо дар бофтаҳо зарур аст. Мушакҳо ва бандҳо бо сутунмуҳра дар алоқаи ҷудо нашавандаанд ва баргардонидани сутунмуҳра ба ҳолати муқаррарӣ ғайримкон аст. Ба истиснои ҳолате, ки мушакҳо ва бандҳо пурра мулоим ва дар вазъи эластикӣ набошанд.
Аз қадим ба ҳама маълум аст, ки ҳаракат асоси ҳаёти организми инсон аст. Олимон тасдиқ кардаанд, ки машқҳои ҷисмонӣ омили ягонаи бартараф гардидани беморӣ ва ҳифзи саломатӣ мебошад. Бо назардошти урфу анъанаи ҷомеа, ки одамонро аз тарзи серҳаракати ҳаёт дур мекунад, бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳаракати ҷисмонӣ усули беҳтарини табобати инсон ба ҳисоб меравад.
Мудири шуъбаи варзишдармонӣм К.А.Раҳимов, Г.С.Маҳмаджонова.