Шуъбаи озмоишгоҳ
Шуъбаи озмоишгоҳ
Озмоишгоҳи санҷишии биокимёвӣ, клиникӣ, имунологӣ, алергологӣ ва бактериологии қисми ташхисгоҳ яке аз қисмҳои таркибии Маҷмааи тандурустии Истиқлол ба ҳисоб меравад.
Озмоишгоҳ бо мақсади таъмин намудан бо ҳаммаи намудҳои ташхисҳои дақиқи техналогияи муосир ташкил карда шудааст.
Озмоишгоҳ фаъоляти худро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору супоришҳои ҳукумати Ҷ.Т. ҳуҷатҳои директивии Вазорати Тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷ.Т. ва инчунин аз руи низомномаи мазкур амали мегардонад.
Озмоишгоҳ таҳлилҳоро мувофиқи дастуру нишондодҳои методие, ки аз тарафи Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷ.Т. тасдиқ гардидааст, анҷом медиҳад.
Вазифаҳои асосии озмоишгоҳ
Гузаронидани таҳлилҳои биокимёви, клиникӣ, имунологӣ, аллергологӣ, бактериологии хун, пешоб, наҷосат,ва маводҳои аз узвҳои таносул ҷудошаванда, ки дар озмоишгоҳ санҷида мешавад.
Усулҳои нави ташхиси бемориҳоро омухтан ва дар амал татбиқ намудани онҳо.
— бо ризояти сартабиби қисми Ташхисгоҳ сари вақт ва васеъ дар амал татбик намудани усулҳо ва таҷҳизоти нави таҳлил.
— дар соҳаи усулҳои ташхис гузаронидани корҳои илмӣ –тадкиқотӣ.
Озмоишгоҳ масъул мебошад ба:
— мувофиқат кардан ба талаботҳои аккредитатсия,
— гузаронидани тақиқотхои имунологӣ клиникии хун, пешоб наҷосат , биохимявии хун, модаҳои аз таносул ҷудошаванда бо усулҳои дар шиносномаи озмоишгоҳ нишон дода шуда,
— даврияти аттестатсия мувофиқи талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ.
— дурустӣ саҳеҳӣ ва объективии натиҷаҳои таҳлил.
— дурустии ҳисоботи таҳлилҳои гузаронидашаванда.
— дуруст тартиб додани ҳисоботҳои тиббӣ.
— маслиҳат додан ба духтурони шуъбаҳо оиди ташхисҳо.
— иштирок намудан дар семинар ва конфронсҳо
— ташкил намудани чорабиниҳо оди баланд бардоштани савияи дониши назарявии ҳайати кормандони озмоишгоҳ.
— риоя намудани низоми кори
— риоя намудани қоидаҳои бехатари
— риоя намудани қоидаҳои безараргардони, несту нобут кунии маводи таҳлилшуда ва сироят кунанда.