Шуъбаи табобатии кӯдакони камвазн

Асосӣ / Шуъбаи табобатии кӯдакони камвазн

Шуъбаи табобатии кӯдакони камвазн

Шуъбаи табобатии кудакони камвазн дар ошёнаи 6-уми блоки №7  “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ҷойгир буда дорои 15 кат мебошад. Дар шуъбаи мазкур табобати кӯдаконе, ки гирифтори камвазнии дараҷаи вазнин мебошад табобат карда мешаванд. Дар шуъба табобати ин беморон аз рӯи дастурамалҳои ТУТ бо ғизоҳои муолиҷавии Ғ-75, Ғ-100, антибиотикҳо, препаратҳои асиди фолат, синк, резомал гузаронида мешавад. Ба шуъба бемороне бистари карда мешаванд, ки дорои гипотрофияи дараҷаи вазнин, яъне (тамоюли стандартӣ Z-3 ё 4) доранд.

Дар шуъба 1 дастгоҳӣ интиқолӣ ва 1 дастгоҳӣ барқии офталмоскоп барои муоина ва ташхисгузории гӯшу бинӣ ва чашмон  инчунин кашаки барқии ду камера, ду адад сфигмоманометр барои санҷиши фишори шараёнӣ мавҷуд аст.

Мудири шуъба дорои дараҷаи олӣ, медали ҷашни соҳавӣ бахшида ба 1025 солагии Абӯалӣ ибни Сино, “Алочии тандурустии ҶТ” ва инчунин сертификати тренерӣ оид ба табобати кӯдакони камвазн дорад ва дар тамоми қаламравӣ Ҷумҳурӣ Тоҷикистон дар беморхонаҳо 4 маротиба семинар гузаронидааст. Аз соли 2009 барои табобати кӯдакони камвазн 5 рисолаи илмӣ аз нашр баромадааст.