Шуъбаи машваратӣ-клиники
Шуъбаи машваратӣ—клиники
Шуъбаи машваратӣ-клиникии қисми Ташхисгоҳ дар ошёнаи сеюми блоки 2 ҷойгир буда, дар он мутахассисони баландихтисос фаолият менамоянд. Дар шуъба табиби чашм, дилшинос, ғадудшинос, табиби даруннигарӣ, табиби гӯшу гулӯю ва бинӣ, табиби атфол, асабшинос, табиби занона, табиби занонаи кудакона, табиби тарзи ҳаёти солим фаъолият менамоянд. Аз тарафи табибони шуъба ба муроҷиаткунандагон ёрии тиббии баландихтисос ва тахассусона расонида мешавад. Дар шуъба барои муоинаи беморон аз таҷҳизотҳои зерин истифода мешавад.
Аудиограф Shinova, ЛОР-комбайн Shinova, микроскопи электронӣ, комбайни офталмологӣ, авторефрактометр, диоптриметр, проектор барои санҷидани тезии биноиш, лампа шелевая барои муоинаи бемориҳои гуногуни чашм, периметр, офталмоскоп.
Дар шуъбаи мазкур 13 нафар табибон кор мекунанд, ки чор нафари онҳо дорои дараҷаноки олӣ, се нафар дараҷаноки якум, ва шаш нафари дигар бошад табибони ҷавон мебошанд.
Инчунинин шуъба дорои ҳуҷраи махсус мебошад, ки барои расонидани ёри аввалияи тиббӣ омода аст. Табибони шуъба барои муоинаи беморон бо шуъбаҳои нурӣ, озмоишгоҳ, даруннигарӣ, функсионалӣ, табиатшифои, варзишдармонии Ташхисгоҳ ҳамкори менамоянд.
Вазифаҳои асосии шуъба:
- Ташхиси тахассусонаи бемориҳои атфол ва калонсолонро моҳирона анҷом дода, ташхису таҳқиқи иловагии заруриро таъмин намудан
- Ҳангоми зарурат машварати (консилиум) мутахассисонро гузаронидан
- Бемориро муайян карда, табобат таъин намудан
- Гузаронидани чорабиниҳо барои муайян намудани номувофиқии ташхис
- Омӯзиш ва ҷорӣ намудани усулҳои нав ва ҳозиразамони ташхис