Шуъбаи пулмонолоҷӣ

Асосӣ / Шуъбаи пулмонолоҷӣ

Шуъбаи пулмонолоҷӣ

Шуъбаи пулмонология дорои 20 кат буда, аз он 10 ҳуҷра барои муолиҷаи беморон, 1 ҳуҷра барои мудири шуъба, ҳуҷра барои табиби навбатдор, ҳуҷраи доругузарони, ҳуҷраи варзиши табобати, ҳуҷраи ҳамшираи калон иборат аст. Хизматрасонии тибби барои саломатии кӯдакони аз синни 2 моҳа то 18 сола равона карда шуда, аз он ҷумла барои пешгирии бемориҳо, ёрии табобатию ташхиси ва барқароргардонии саломатӣ. Дар шуъба  чунин  ташхисҳо гузаронида мешавад. Бронхити шадид, бронхити хуруҷкунанда, бронхиолит, бронхити шадиди ташаннуҷи ва пневмонияҳо.

Шуъба бо таҷизотҳои замонави ҷиҳозонида шудааст. Дастгоҳи буғидиҳи (ингалятор), ки барои буғидиҳии роҳҳои нафас истифода бурда мешавад, ҳавокашаки барқи барои тоза намудани роҳҳои нафас ва ковокии бини аз фасод, пулсоксометр барои муайян намудани таъминнокии оксигени капиляри, дастгоҳи ЭКГ 6 –ноқила барои сабт намудани кори дил .

Шуъба барои тайёр ва баланд намудани савияи дониши кормандон, духтурон ва кормандони хурди тиб, тайёр намудани табибон ва ҳамшираҳо барои дараҷаноки,  гузаронидани семинарҳо, ҷори намудани методҳои нави муолиҷа, ташхиси ва табобати фаъолият дорад.

Дар шуъба 2 нафар духтур (1 нафар дорои дараҷаи оли,1 нафар дорои дараҷаи якум) 11 ҳамшираи тиб 2 нафар дорои дараҷаи якум,1 нафар дорои дараҷаи дуюм,4 мутахасиси ҷавон) ва 12 корманди хурди тиб ба беморон хизмат мерасонанд.