Шуъбаи гемодиализи кудакон
Шуъбаи гемодиализи кудакон
дар ошёнаи якуми бинои № 7-и қисми бемориҳои соматикии кудакона ҷой гирифтааст. Шуъба барои поксозии гурдаҳо аз заҳрҳо барои беморони гирифтори бемории музмини гурдаҳо давраи терминали ва норасогии шадиди кори гурдаҳо фаъолият мекунад.
Шуъбаи гемодиализ дорои таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи Фрезениус барои поксозии хун аз азотемия (креатининмочевина) ва оби зиёдати, ултрофилтратсия барои беморони музмини кори гурда ва норасогии шадиди кори гурда. Дасгоҳи обтозакунии ширкати Витек аз Турсия. Датгоҳи нафасдиҳии сунъи (Гамилтон С-1) барои беморони аз 2-кг вазн боло. Дастгоҳи СПАП барои ба беморон додани оксиген бо дигар газҳо. Дефибрилятор барои барқарор кунии кори дил ва вайроншавии ритми дил. Пулсиоксиметр барои нишон додани сершавии бофтаҳо аз оксиген ва набзи бемор. Монитори назди кати барои муайян намудани кори дил, нафас, ҳарорати бадан ва пуршавии бофтаҳо аз оксиген. Монитор бо чархакҳо барои муайян намудани кори дил, нафас, ҳарорати бадан ва пуршавии бофтаҳо аз оксиген, сабти барқии дил. Электроотсос (хоспи) барои кашида баровардани фассод, балғам ва хун. Ингалятор (небулайзер) барои ингалятсия бо доруҳои табобати. Сфигмоманометр барои санҷидани фишори шараёнии хун. Перфузор барои гузаронидани маводҳои дорувори ба варид оҳиста воя-воя. Инфузор барои гузаронидани маводҳои дорувори ба варид оҳиста воя-воя. Комплекти диагностики офталмоскоп, отоскоп. Оксигени намнок бо найчаҳо аз 1 литр/дақиқа то 6 литр/дақиқа. Сандуқи безараргардони (тамизгардони) лазери ва бо ҳарорати 200 дараҷа хизмат мерасонанд.