Номгӯи хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ

Асосӣ / Номгӯи хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ

Бо қарори  Ҳукумати

            Ҷумҳурии Тоҷикистон

            аз 2 декабри соли 2008, № 600

            тасдиқ шудааст

Номгӯи

хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ

  1. Кӯмаки аввалияи тиббию беҳдоштӣ
  2. Пешгирӣ:
  • машварат ва таблиғи таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим;
  • эмкунии кӯдакон дар доираи барномаи эмкунӣ мутобиқи тақвими миллии эмкунӣ;
  • машварати пӯшида оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти инсон (ВИЧ), аломати норасоии масунияти инсон (СПИД), сироятҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд;
  • назорати ҳолати саломатии кӯдакони то синни 5;
  • муоинаи пешгирии давравии мактаббачагон;
  • назорати диспансерии бемороне, ки ба қайд гирифта шудаанд, ба

истиснои усулҳои иловагии озмоишӣ ва таҷҳизотии таҳқиқ;

  • гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок оид ба пешгирии бемориҳо.

1.2. Ташхис:

муоинаи бемор;

таҳқиқ ва ташхиси заминавии лабораторӣ (ташхиси умумии хун аз рӯи нишондод, ташхиси хун  барои вараҷа (малярия), ташхиси умумии хуни донорӣ барои сирояти бо хун интиқол ёбанда, ташхиси умумии пешоб  аз рӯи нишондод, микроскопияи андудаи пешоброҳӣ ва маҳбалаи ҳомиладор, ташхиси балғам, муайян намудани қанди хун ва пешоб аз рӯи нишондод).

1.3. Муолиҷа:

расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ;

беҳаракат (тасбити) намудани узв;

таъини доруворӣ ва дигар намудҳои муолиҷа;

таъин ва гузаронидани тазриқи тиббӣ (дохили варид, дохили мушак ва зери пӯст);

1.4. Кӯмаки тиббию беҳдоштӣ ба даъватшавандагони хизмати ҳарбӣ.

  1. Кӯмаки тиббӣ дар шароити беморхона:

2.1. Кӯмаки фаврӣ беморхона то баровардани бемор аз ҳолате, ки ба ҳаёташ таҳдид менамояд, мувофиқи номгӯи ҳолатҳое, ки бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд;

2.2. Кӯмак ҳангоми таваллуд ба заноне, ки дар қайд ва назорати мунтазами муассисаи вобастаи тиббӣ мебошанд.

  1. Кӯмаки стоматологӣ намудҳои зеринро фаро мегирад:

3.1.Муоинаи  профилактикӣ чорабиниҳои дорои хусусияти профилактикӣ ба кӯдакон ва ҳомиладорон ду маротиб дар як сол;

3.2. Кӯмаки стоматологии таъҷилӣ.