Месяц: Сентябрь 2019

Асосӣ / 2019 / Сентябрь
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30.09.2019 17:35, шаҳри Душанбе
Запись

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30.09.2019 17:35, шаҳри Душанбе

30 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида...

СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ СИЁСАТМАДОРИ ТАВОНО 30.09.2019 09:52, шаҳри Душанбе
Запись

СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ СИЁСАТМАДОРИ ТАВОНО 30.09.2019 09:52, шаҳри Душанбе

Тоҷикистони соҳибистиклол зери парчами ваҳдату хамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа беҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон...

Иштирок дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27.09.2019 15:06, шаҳри Душанбе
Запись

Иштирок дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27.09.2019 15:06, шаҳри Душанбе

27 сентябр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи вилоят ва...

Ифтитоҳи Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019 12:21, ноҳияи Рӯдакӣ
Запись

Ифтитоҳи Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019 12:21, ноҳияи Рӯдакӣ

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази ноҳия ифтитоҳ намуданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳраки Сомониён дар пояи баландии 45 метр қомат афрохта, паҳноии матои он 7 метр ва дарозиаш...

Боздид аз намоиши кишоварзӣ ва гармхонаи Хоҷагии деҳқонии «Исматулло» дар ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019 12:20, ноҳияи Рӯдакӣ
Запись

Боздид аз намоиши кишоварзӣ ва гармхонаи Хоҷагии деҳқонии «Исматулло» дар ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019 12:20, ноҳияи Рӯдакӣ

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчунин аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия ва гармхонаи Хоҷагии деҳқонии «Исматулло» дар деҳаи Кӯктоши Деҳоти Чоргултеппа дидан намуданд. Аҳли заҳмати ноҳияи Рӯдакӣ наздики 30 навъи маҳсулоти гуногуни кишоварзиро, ки ҳамасола дар заминҳои зархези ин ноҳия бо истифода...

Ифтитоҳи корхонаи ҶДММ «Оҳангудозии Тоҷикистон» дар ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019 12:18, ноҳияи Рӯдакӣ
Запись

Ифтитоҳи корхонаи ҶДММ «Оҳангудозии Тоҷикистон» дар ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019 12:18, ноҳияи Рӯдакӣ

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳоти Чоргултеппа ба фаъолияти корхонаи «Оҳангудозии Тоҷикистон» оғози расмӣ бахшиданд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳангудозии Тоҷикистон» бо иқдомҳои созандаи Пешвои миллат ҷиҳати татбиқи бомароми ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати мамлакат, истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ...

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 дар ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019 10:41, ноҳияи Рӯдакӣ
Запись

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 дар ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019 10:41, ноҳияи Рӯдакӣ

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар деҳаи «Оли Сомон»-и деҳоти “Зайнабобод” Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85-ро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дорои 640 ҷойи нишаст дар ду...

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 182 дар деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019 10:39, ноҳияи Рӯдакӣ
Запись

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 182 дар деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019 10:39, ноҳияи Рӯдакӣ

Пас аз шиносоӣ бо ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии аҳли заҳмати ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 182-ро, ки дар деҳаи Ҷӯйбодоми деҳоти Чортеппаи ноҳия бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин...

Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019 10:37, ноҳияи Рӯдакӣ
Запись

Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019 10:37, ноҳияи Рӯдакӣ

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти нонию қаннодӣ ва таомҳои милливу ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуданд. Аҳли заҳмати 16 шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсули дастранҷи худро ба маъраз гузоштанд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳунару маҳорати баланди нонпазии кадбонувони ноҳия шинос шуданд....

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019 10:36, ноҳияи Рӯдакӣ
Запись

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019 10:36, ноҳияи Рӯдакӣ

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд. Сокинони шарафманду сарфарози ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ноҳияи Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ...