Месяц: Сентябрь 2020

Асосӣ / 2020 / Сентябрь
Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 15:54, ноҳияи Шаҳринав
Запись

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 15:54, ноҳияи Шаҳринав

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншоот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав мулоқот карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз ободу зебо гардидани ин гушаи диёр ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардуми он таъкид доштанд, ки сокинони...

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 10:55, ноҳияи Шаҳринав
Запись

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 10:55, ноҳияи Шаҳринав

Ҳамдиёрони азиз! Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи сокинони ноҳияи Шаҳринав симои ноҳия нисбат ба солҳои пешин ободу зебо ва шароити зиндагии мардуми он хеле беҳтар гардидааст. Дастовардҳои мардуми мо, аз ҷумла сокинони ноҳияи Шаҳринав дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт дар даврони истиқлоли давлатӣ, қабл аз ҳама, натиҷаи дастгирии самимонаи хурду бузурги Тоҷикистон...

Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 10:25, ноҳияи Шаҳринав
Запись

Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 10:25, ноҳияи Шаҳринав

30 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шаҳринав ҳамчунин боғи фарҳангӣ-фароғатии Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар якҷоягӣ бо соҳибкорону шахсони саховатпеша дар масоҳати умумии...

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 10:20, ноҳияи Шаҳринав
Запись

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 10:20, ноҳияи Шаҳринав

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бино аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якум утоқи кории кормандон, китобхона бо 1200...

Ифтитоҳи бинои маркази ташхисӣ — табобатии “Муҳаммадҷон” дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 10:13, ноҳияи Шаҳринав
Запись

Ифтитоҳи бинои маркази ташхисӣ — табобатии “Муҳаммадҷон” дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 10:13, ноҳияи Шаҳринав

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нав маркази ташхисӣ — табобатии “Муҳаммадҷон” — ро ифтитоҳ карданд. Маркази ташхисӣ — табобатии 2-ошёна бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Аҳмадзода Ҷамолиддин дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 ҳамчун “Солҳои рушди...

Ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии “Назокат” дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 10:09, ноҳияи Шаҳринав
Запись

Ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии “Назокат” дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 10:09, ноҳияи Шаҳринав

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав бинои Муассисаи томактабии хусусии “Назокат” — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави боғчаи кӯдакона 2 ошёна буда, ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30 — юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори ватандӯст...

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 10:06, ноҳияи Шаҳринав
Запись

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 10:06, ноҳияи Шаҳринав

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабо бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи таълимии 2-ошёна аз 3 бино иборат мебошад. Бинои асосии он, ки соли 1960 қомат афрохта буд, аз...

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 10:04, ноҳияи Шаҳринав
Запись

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 10:04, ноҳияи Шаҳринав

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳринав Майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд. Масоҳати умумии Майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази ноҳияи Шаҳринав сохта шудааст, 2100 метри мураббаъ буда, он ба ҳусни ноҳия зебогии дигар зам мекунад. Баландии сутунпояи ин рамзи давлатдорӣ...

Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кишоварз” дар ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 08:47, ноҳияи Шаҳринав
Запись

Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кишоварз” дар ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 08:47, ноҳияи Шаҳринав

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияи дорои масъулияти маҳдуди “Кишоварз” ташриф оварданд. Дар ҷамъияти мазкур Сарвари давлат аз нашъунамои ниҳоли дарахтони себ дар боғи навбунёди интенсивӣ дидан намуда, ба ҷамъоварии ангур оғоз бахшиданд. Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти...

Оғоз сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 08:45, ноҳияи Шаҳринав
Запись

Оғоз сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020 08:45, ноҳияи Шаҳринав

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав ташриф оварданд. Сарвари давлатро фаъолону сокинон бо эҳтироми хоса ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд. Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Аҳмад»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор...