Месяц: Сентябрь 2020

Асосӣ / 2020 / Сентябрь
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов 29.09.2020 19:08, шаҳри Душанбе
Запись

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов 29.09.2020 19:08, шаҳри Душанбе

29 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҳолат ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи онҳоро баррасӣ карданд....

Ифтитоҳи бинои Шифохонаи маркази ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Сино 29.09.2020 12:23, шаҳри Душанбе
Запись

Ифтитоҳи бинои Шифохонаи маркази ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Сино 29.09.2020 12:23, шаҳри Душанбе

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд. Шифохонаи маркази ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ соли 1962-юм бунёд гардида буд ва...

Ифтитоҳи Клуби варзишии “Парвиз Собиров” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 29.09.2020 11:13, шаҳри Душанбе
Запись

Ифтитоҳи Клуби варзишии “Парвиз Собиров” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 29.09.2020 11:13, шаҳри Душанбе

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Клуби варзишии “Парвиз Собиров”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассиси клуби варзишӣ ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров мебошад ва толор бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонию меъморӣ ба...

Ифтитоҳи Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 29.09.2020 10:35, шаҳри Душанбе
Запись

Ифтитоҳи Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 29.09.2020 10:35, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди истифода қарор доданд. Маркази таълимии “Пойтахт” барои бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва сатҳи роҳбарии Қушӯнҳои...

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои 600 ҷой дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 29.09.2020 10:11, шаҳри Душанбе
Запись

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои 600 ҷой дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 29.09.2020 10:11, шаҳри Душанбе

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои 600 ҷой, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Донишро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи томактабӣ аз таҳхона ва...

Ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 29.09.2020 09:28, шаҳри Душанбе
Запись

Ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 29.09.2020 09:28, шаҳри Душанбе

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шарифҷон Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муҳташами баландошёнаи истиқоматиро, ки бо санъати хоси меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти нав аз 19...

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.09.2020 18:06, шаҳри Душанбе
Запись

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.09.2020 18:06, шаҳри Душанбе

28 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғози кори маҷлис оид ба амалигардии “Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, таҳти...

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг 25.09.2020 19:29, ноҳияи Ховалинг
Запись

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг 25.09.2020 19:29, ноҳияи Ховалинг

Нимаи дуюми рӯзи 25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг мулоқоти самимӣ доир карданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарм, дастгирии сиёсати созанда баҳри рушду пешрафти кишвар ва ободии як гӯшаи диёр ба сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ховалинг...

Ифтитоҳи коргоҳи заргарии “Одина” дар ноҳияи Ховалинг 25.09.2020 18:11, ноҳияи Ховалинг
Запись

Ифтитоҳи коргоҳи заргарии “Одина” дар ноҳияи Ховалинг 25.09.2020 18:11, ноҳияи Ховалинг

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари  корӣ  дар  ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба  фаъолияти  коргоҳи заргарии “Одина” оғоз бахшиданд. Коргоҳи заргарӣ “Одина” дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, дар асоси  дастуру супоришҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...