Вохурӣ бо кормандони Муассисаи давлатии  “Маҷмааи тандурустии истиқлол” доир ба пешгирии амалҳои номатлуб

Вохурӣ бо кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии истиқлол” доир ба пешгирии амалҳои номатлуб

  Имрӯз, 5 майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” вобаста ба пешгирии амалҳои номатлуб, аз ҷумла пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва терроризму экстремизм ҳамоиш доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода, роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” иштирок намуданд.

Дар вохурӣ доир ба омилу сабабҳои пайдоиши коррупсия, роҳҳои пешгирии ин падидаи номатлуб, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, расидан ба қадри сулҳу оромии Тоҷикистони азиз ва баҳри рушду пешрафти сарзамини хеш саҳмгузор будан андешаронӣ сурат гирифт.

Дар ин замина, аз табибони муассисаи мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба дастгирӣ ва ғамхориҳои роҳбарияти Олии Ҳукумати мамлакат аз пештара бештар баҳри таъмини солимии аҳолӣ камари ҳиммат банданд.