Сабаб ва пайдоиши Вируси норасоии масунияти одам дар чист?
Савол ба мутахассиси соҳаи тиб Лола Шавкатовна
Сабаб ва пайдоиши Вируси норасоии масунияти одам дар чист?
ВНМО (ВИЧ) – Ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentivirus) дохил мешавад. Номи Lentivirus аз мазмунӣ калимаи лотини lente-сустӣ асос ёфтааст.
Барои лентивирусҳо инчунин давраи дурударози ниҳонӣ хос аст. ВНМО–аз ҳама вируси омухташуда дар ҷаҳон мебошад. Одамони бо ВНМО зиндагикунандаро, инчунин ВНМО – мусбӣ (мусбӣ +), ё ин ки мубталои ВНМО меноманд.
ВНМО – соли 1983 дар ду лабаратория аз ҳамдигар новобаста кашф гардидааст.
- Дар Институти Пастер дар Фаронса таҳти роҳбарии Люк Монтанье.
- Дар Институти миллии бемориҳои саратон дар ИМА таҳти роҳбарии Роберт Галло.
Тадқиқотчиён пешниҳод намуданд, ки вирусҳои аз ҷониби онҳо ҷудошуда метавонанд боиси гирифтории Бемории пайдошудаи норасоии масуният (СПИД) гарданд. Дар соли 1986 маълум гардид, ки вирусҳои аз ҷониби муҳаққиқони Фаронсавӣ ва Амрикоӣ дар соли 1983 кашфнамуда комилан ба ҳам мутобиқанд. Нахустноми вирусҳо бекор карда шуда, як номи умумӣ ВНМО пешниҳод карда шуд.
Роҳҳои гузариш
1) Тамос бо хун (ҳангоми истифодаи сузандоруҳо, хунгузаронӣ, таҷҳизотҳои тиббии тамизношуда)
2) Алоқаи ҷинсӣ (ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона бе истифода аз рифола)
3) Аз модар ба кудак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширмаконӣ)
Дар ҳамаи моеъҳои биологии организм вирус вуҷуд дорад, ва дар 4-моеъҳоеи, ки нисбат ба дигар моеъҳо кансентратсияаш баланд мебошад ва сатҳи сироятёби нисбатан зиёд аст.
1) Хун
2) Нутфа
3) Тарашуҳоти маҳбал
4) Шири сина
Дар айни замон чунин намуди ташхисгузаронӣ вуҷуд дорад:
1. Тести оҷилӣ
2. Анализи Имуноферменти
3. Имунаблот (Муаян кардани РНК вирус)
Нишонаҳои гирифтор шудан ба Вируси норасоии масунияти одам чи гуна аст?
Марҳилаи ноаёнӣ— аз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад. Шахс метавонад сироят ёфта бошад, аммо дар муддати то 3 ё 6 моҳ мавҷуд будани вирус дар хун ҳангоми ташхиси лабаратори муайян карда намешавад.
Давраи инкубатсионӣ аз 2 то 10 сол бе ягон аломатҳои клиникӣ давом меёбад, то пайдоиши Бемории пайдошудаи норасоии масуният
БПНМ (СПИД) – бемории пайдошудаи норасоии масуният. Марҳилаи охирини сирояти ВНМО ин Бемории пайдошудаи норасои мебошад, ки метавонад бо гузашти аз 2 -15 сол вобаста ба ҳолати масунияти инсон инкишоф ёбад. Барои БПНМ инкишофи баъзе намудҳои бемории саратон, сироятҳо ва дигар аломатҳои вазнини клиникӣ хос аст.
Оиди пешгирии Вируси норасоии масунияти одам каме ҳарф мезадед?
Чорабинаҳо оиди кам кардани хатари сироятёбӣ аз ВНМО.
Риоя намудани тарзи ҳаёти солим.
Истифодаи таҷҳизотҳои тиббии яккарата.
Доштани танҳо як ҳамхоба ва истифодаи рифола ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона.
Муоинаи ҳатмии шахсони аз муҳоҷирати меҳнатӣ, маҳбас, баргашта, нашъамандони инекқионӣ.
Муоинаи ҳатмии никоҳшавандагон то ақди никоҳ.
Агар зани ҳомила гирифтори ВНМО бошад, ҳатман муолиҷаи зидди ретровируси гирад. Занҳое, ки табобати зидиретровирусиро гирифтаанд, ҳангоми таваллуд хавфи сироятёбии тифл то 2% мебошанд.
Барои табибон: Дар ҳолати руй додани ҳодисаҳои нохуш дар ҷои корӣ зина ба зина гузаронидани чорабиниҳои зерин зарур аст.
А. Тамос бо хун ё дигар маҳлулҳои биологи дар ҳолати осеб дидани пуст сурохшавӣ, буридани пуст:
- кашидани тарафи берунаи дастпушакҳои кори ба дарун.
- интизор шудан то ҳолате, ки хун равад
- бо собун дар зери оби равон шуста, хушконида ва баъд бо спирти этилии 70% , перекиси водородии 3% ҳангоми сурохшавӣ, ва маҳлули йоди 5% дар ҳолати буридан тоза кардани дастон, дар болои захм часпакварақ монда, пушидани ангуштпушак лозим мебошад.
Б. Афтидани хун ва биомаводҳо ба луобпардаҳо:
- ковокии даҳонро аввал бо об ва баъд бо спирти этилии 70% чайқонед.
- Ковокии биниро бо об шуста баъд бо маҳлули 1% протаргол тоза кунед ё маҳлули 20-30 % албутсиро чаконед.
- Чашмонро бо дастони покиза бо об ё кислотаи борий 1% шуед ва баъд маҳлули 20-30 % албутсидро чаконед.
Роҳҳои табобати ин бемори чи гуна аст?
Дар айни замон доруҳое,ки барои боздоштани афзоиши сирояти ВНМО дар бадан равона карда шудаанд, мавҷуданд. Ин муолиҷаро –меноманд. Яъне, одами ВНМО— мусбат ҳангоми сари вақт сар кардани таъиноти зиддиретровирусӣ метавонад умри дароз ва пурбаҳо ба сар барад. Таиноти зидиретровирусӣ аз 3 намуди дорувори иборат аст:
1. Ламивудин т/б 150мг
2. Зидавудин т/б 300мг
3. Невирапин т/б 200м
Зане, ки аз 3-моҳ зиёд табобати зидиретровирусиро гирифта бошад ва сатҳи имуни (СД4+ аз 350 ҳуҷайра) баланд бошанд ва сарбори вируси аз 500 копи дар як микролитри хун паст бошад зан метавонад кӯдаки солим таваллуд кунанд.
Занҳое, ки табобати зидиретровирусиро гирифтаанд, ҳангоми таваллуд хавфи сироятёбии тифл то 2% мебошанд .
Занҳое, ки табобати зидиретровирусиро нагирифтаанд хавфи сироятёбии тифл аз 30-40 % мебошад.