Якчанд тавсия оиди бемории зуком
Якчанд тавсия оиди бемории зуком
Бемории зуком ва роҳҳои нафас ҳамасола бо шурӯъ гардидани фаслҳои сармо байни мардум паҳн мегарданд. Ин гуна бемориҳо ба оҳистагӣ хуруҷ ёфта, шахси гирифторашро ҳатто аз пой баъзан меафтонад. Дар бадани шахси гирифторӣ бемории зуком ва роҳҳои нафас, баланд гардидани ҳарорати бадан, кам гардидани иштиҳо, беқувватӣ дар аъзои бадан пайдо мешавад. Духтурон омилҳои гирифторӣ ба ин гуна бемориро дар яку якбора сард шудани обу ҳаво шарҳ доданд.
Аз ҷумла иброз доштанд, бояд дар фаслҳои сармо шаҳрвандон сари вақт либосҳои мавсимиро ба бар намоянд, зеро риоя накардани чунин ҳолат боиси бемории зуком мегардад.
Сабаби дигарашро дар он шаҳр доданд,ки вақти сармо мардум дару тирезаҳои худро умуман кушода намемонанду ҳавои хона дамгир мешавад, ки ин боиси зуд паҳн гаштани вирусҳо ва бактерияҳо мегардад.
Сабаби дигари ин гуна бемориҳо ин вирусҳо мебошанд, ки агар сари вақт онро муолиҷа накунанд ба оризаҳои зиёд оварда мерасонад.
Инчунин гирифторони ин беморӣ қоидаҳои зеринро бояд риоя намоянд:
- Тез-тез дастҳоро бо собун шустан.
- Дар як руз на кам аз ду маротиба гузаронидани рубу-чини намнок дар хонаҳо ва ҳуҷраҳои корӣ.
- Риоя намудани гигиенаи шахси
- Ҳангоми сулфазанӣ ва аксазанӣ даҳонро пушидан бо руймолча
- Сари вақт ҳозир шудан ба табиб ҳангоми пайдошавии нишонаҳои беморӣ.