Шуъбаи бемориҳои занона

Асосӣ / Шуъбаи бемориҳои занона

Шуъбаи бемориҳои занона

Шуъбаи бемориҳои занона муассисаи соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта дар бинои замонавии 6 ошёна дар ошёнаи 6-ум дар блоки 8-уми  Б ҷойгир буда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шуъбаи бемориҳои занона ҳамчун шуъбаи махсусгардонидашуда ба ҳисоб меравад.  Шуъба дорои 15 кат 10 то ҳуҷра  бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таҷҳизонида шудааст.  Ҳуҷраи корӣ бо ҳаммом ва ҳоҷатхона , ҳуҷраи муоинавӣ, ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраи тамизгардонӣ, боғӣ зимистона, ошхона, ҳуҷраи мудири шуъба, ҳуҷраи табибон, ҳуҷраи ҳамшираи калон, ҳуҷраи хоҷагидор, либосҷои мардона ва занона. Мудири ин шуъба, духтури дараҷаи олӣ Алиева М. мебошад. Инчунин дар шуъба муаллимаи кафедраи акушери ва гинекологӣ Раҷабова Г. ба беморон хизмат мерасонанд. Дар шуъбаи мазкур 5 –ҳамшира фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 4 нафарашон дараҷанокии 2-юм ва 1 нафар дараҷанокии 1-ум доранд.

Дар шуъбаи бемориҳои занона тамоми муоинаҳои лабараторӣ, гузаронида мешавад. Аз тарафи мудири кафедра, профессору дотсентон ва асистентони кафедра, ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва шанбе гардиши ҳафтаинагӣ гузаронида мешавад шуда дастуру тавсияҳои клиникӣ дар барномаи табобатии беморон ҳамарӯза истифода бурда мешавад. Дар шуъба амалиёти ҷарроҳӣ бо усулҳои ҳозиразамон гузаронида шуда истодааст.