Қисми ҷарроҳии кӯдакона
Қисми ҷарроҳии кӯдакона
Қисми Ҷарроҳии кӯдакона муассисаи соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта дар бинои замонавии 7 ошёна ҷойгир буда, шаҳрвандони хурдсол кӯмаки ташхисӣ, табобатӣ ва машваратӣ мерасонад.
Қисми мазкурро Азизов Баҳром Ҷӯрахонович, ки собиқаи 25 солаи корӣ дошта, номзади илмҳои тиббӣ мебошад, роҳбарӣ менамояд.
Қисм дорои 182 кати хоб буда ба тарзи аврупоӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар қисми мазкур ҳар як ҳуҷраи хоби беморон бо телевизор, яхдон, ҷевонҳои гуногун ва кондитсионер таъмин буда ҳар як ҳуҷра дорои ду рахти хоб мебошад, ки дар он бемор бо яке аз пайвандонаш ҷой карда мешавад. Инчунин месазад гуфт, ки дар дохили бинои қисми Ҷарроҳии кӯдакона тамоми дастгоҳҳо барои таҳлилҳои беморон (анализ) ҷой дода шудааст, ки бемор сарсон гардида аз дохили бино намебарояд ва дар ҷойе, ки табобат мегирад, метавонад аз ташхисҳои гуногун гузарад. Дастгоҳҳои ташхискунанда нодир ва замонавӣ буда соли бароришашон низ ниҳоят наванд. Ба фаъолият оғоз намудани қисми мазкурро қариб як сол мешавад аммо дастовардҳои табибони ин қисм беназир мебошад. Аллакай дар ин қисм амалиётҳои ҷарроҳии зиёде дар кӯдакон гузаронида шудааст, ки аксарашон мусбат ба анҷом расидаанд.
Дар қисм шуъбаҳои зерин амал менамоянд.
- Шуъбаи ҷарроҳии барқарорсозии баъдиҷарроҳӣ
- Шӯъбаи табиатшифоӣ (физиотерапия)
- Шуъбаи модар барои нигоҳубинии кӯдакони бемор бо шароити махсус ва бистаринамоии рӯзона
- Шуъбаи ҷарроҳии батнӣ
- Шуъбаи ҷарроҳии гӯшу гӯлӯ ва бинӣ
- Шуъбаи муолиҷаи оҷил ва наҷоти кӯдакона
- Шуъбаи осебшиносӣ ва ортопедӣ
- Шуъбаи ҷарроҳии қафаси синаи кӯдакона
- Шуъбаи ҷарроҳии навзодон
- Шуъбаи ҷарроҳии фасодӣ кӯдакон
- Шуъбаи ҷарроҳии фасодии кӯдакона
Кадом беморон метавонанд ба қисми “Ҷарроҳии кӯдакона муроҷиат намоянд?
- беморони гирифтори бемориҳои ҷаррроҳии кудакона мебошанд.
- Нуқсони модарзодии роҳҳои ҳозима, гардиши нопураи рудаҳо, синдроми Ледда, Этерокистома, дучандшавии рудаҳо, Бемории Пайера, Обхалтаҳои маҷроҳи умумии талхабарор.
- Бемориҳои эхиноккоки: Обхалтаҳои эхиноккокии ҷигар, испурч ва
- Масориқа.
- Обхалтаҳои ковокии шикам: Обхалтаи ғадуди ҷигар.
- Бемории Гиршпрунг, Долихасигма.
- Бемориҳои паи: Ногузароиши шадиди рудаҳо.
- чапаргуши, гайморатамия, риналитҳои бинӣ ва дигар
- осебҳои гӯшу гӯлӯ ва бинӣ
- махкам будани гузаргоҳи гушҳо, ва шаклвайрони бинӣ беруна
- Гипоплазияи модарзодии шушҳо
- Бемории бронхоэктатики (Бронхоэктазияи шушҳо)
- Ателектазии шушҳо
- Деструсияи шадиди бактериалии шушҳо
- Сухтани пардаҳои луоби даҳон, гулу, сурхруда бо маҳлули
- кимиёвии сирко
- Тангшавии пайии сурхруда бо маҳлули кислота. Ҳолат баъд аз
- риштагузаронии сурхруда
- Деформатсияи модарзодии қафаси сина
- Чурраи модарзодии диафрагмали
- Поликистози шушҳо
- Кистаи мобайни гардан
- Тангшавии хирной
- Плеврити эксудативи
- Ахалазияи сурхруда
- Бемории эхинакокии шушҳо
- Рефлукси гастроэзофагиали стенози пептикии сурхруда
- Абсеси шуш
- Омосҳои имиёнадевор ва дигар намуди беморон.
Дар Қисми ҷарроҳии кӯдакона тамоми муоинаҳои лабараторӣ, R-графияи ковокии батнӣ, ултрасадои узвҳои ковокии батнӣ, допплерографияи рагҳои хунгарди ҷигар, сфинктеромиографияи сурохии маъқад, фиброгогастродуоденоскопия, колоносопия ва томографияи компютерӣ гузаронида мешаванд. Ба беморон аз усулҳои нави табобат ва ҷарроҳӣ ба монанди микроскопӣ ва эндоскопӣ гузаронида мешавад, ки изи баъди ҷарроҳӣ боқӣ намемонад.