Месяц: Октябрь 2019

Асосӣ / 2019 / Октябрь
Мулоқот бо Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев 30.10.2019 16:57, шаҳри Душанбе
Запись

Мулоқот бо Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев 30.10.2019 16:57, шаҳри Душанбе

30 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид доштанд, ки таъмини амнияту суботи умумии мо яке аз бахшҳои калидии ҳамгироии Тоҷикистону Россия мебошад ва дар ин...

Суханронӣ бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.10.2019 12:10, шаҳри Душанбе
Запись

Суханронӣ бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.10.2019 12:10, шаҳри Душанбе

Муҳтарам роҳбарон ва фаъолони иттифоқҳои касаба! Ҳозирини арҷманд! Мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад. Чорабинии имрӯза, ҳамчунин, ба ҷашни якасраи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои комилҳуқуқи...

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.10.2019 12:09, шаҳри Душанбе
Запись

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.10.2019 12:09, шаҳри Душанбе

24 октябр дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ мулоқот карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо таҳлилҳои амиқи вазъи соҳа суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳадафи вохурӣ баррасӣ ва муҳокимаи фаъолияти кунунии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи...

Мулоқот бо як гуруҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” 22.10.2019 13:57, шаҳри Душанбе
Запись

Мулоқот бо як гуруҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” 22.10.2019 13:57, шаҳри Душанбе

22 октябр дар Китобхонаи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” бо як гуруҳ меҳмонон аз кишварҳои хориҷ — иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ мулоқот карданд. Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар меҳмононро...

Иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” 22.10.2019 11:47, шаҳри Душанбе
Запись

Иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” 22.10.2019 11:47, шаҳри Душанбе

22 октябр дар Китобхонаи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” иштирок ва суханронӣ карданд. Дар кори ҳамоиши бошукуҳи илмӣ аҳли зиёи мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ — иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ ширкат варзиданд. Чорабиниро Президенти Академияи...

Мулоқот бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин 19.10.2019 10:49, шаҳри Душанбе
Запись

Мулоқот бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин 19.10.2019 10:49, шаҳри Душанбе

19 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володинро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, аз ҷумла дар ҷодаи робитаҳои...

Мулоқот бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии кишвар 17.10.2019 11:00, шаҳри Душанбе
Запись

Мулоқот бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии кишвар 17.10.2019 11:00, шаҳри Душанбе

17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти зарурӣ дар пойгоҳи таъминоти моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии кишвар мулоқот карданд. Дар вохӯрӣ роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони таъминоти ақибгоҳӣ ва молияи сохторҳои...

Боздид аз Пойгоҳи таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 17.10.2019 10:51, шаҳри Душанбе
Запись

Боздид аз Пойгоҳи таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 17.10.2019 10:51, шаҳри Душанбе

17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Пойгоҳи таъминоти моддию техникӣ оғоз бахшиданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ...

Ба истифода додани бинои Ситоди отряди сохтмонӣ ва шиносоӣ бо Қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.10.2019 10:02, шаҳри Душанбе
Запись

Ба истифода додани бинои Ситоди отряди сохтмонӣ ва шиносоӣ бо Қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.10.2019 10:02, шаҳри Душанбе

17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз навсозӣ бинои Ситоди отряди сохтмониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароитҳои қисми низомӣ шинос шуданд. Бинои Ситоди отряди сохтмонии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз...

Мулоқот бо кормандони соҳаи саноати ҷумҳурӣ 14.10.2019 12:42, шаҳри Душанбе
Запись

Мулоқот бо кормандони соҳаи саноати ҷумҳурӣ 14.10.2019 12:42, шаҳри Душанбе

14 октябр дар Кохи Борбад мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони соҳаи саноати ҷумҳурӣ баргузор гардид. Ҳадафи мулоқот таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус бахши саноат, баррасии масъалаҳои ҳалталаби соҳа, дарёфти роҳҳои рушди он тавассути воридоти технологияҳои навтарин, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротии...