Шуъбаи ҷарроҳии барқарорсозии баъдиҷарроҳӣ
Шуъбаи ҷарроҳии барқарорсозии баъдиҷарроҳӣ
Шуъбаи ҷарроҳии барқарорсозии баъдиҷарроҳӣ муассисаи соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта дар бинои замонавии 7 ошёна дар ошёнаи 6-ум дар блоки 6-уми А ва Б ҷойгир буда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муъҷаҳаз гардонида шудааст. Шуъбаи ҷарроҳии барқарорсозии баъдиҷарроҳӣ ҳамчун шуъбаи махсусгардонидашуда ба ҳисоб меравад. Шуъба дорои 6 ҳуҷраи ду нафара иборат аз 12 кати хоб мебошад.
Мудири ин шуъба, духтури дараҷаи олӣ, ки собиқаи кории 22-сола дорад Бобошо Мусоев мебошад. Инчунин дар шуъба духтури ҷарроҳи дараҷаи олӣ Шарипов Кароматулло Неъматович, собиқаи корияш 26 сол ва духтури ҷарроҳи дараҷаи олӣ Саломзода Наим собиқаи корӣ 20 сола дошта, ба беморон хизмат мерасонанд. Дар шуъбаи мазкур – 6 ҳамшира фаъолият мекунанд.
Дар шӯъбаи ҷарроҳии бақарорсозии баъдиҷарроҳӣ тамоми бемориҳое, ки ба онҳо амалиётҳои ҷарроҳии проктологӣ, абдоминалӣ ва урологӣ, бемориҳои қафаси сина ва бемориҳои ортопедӣ, ки ба табобати барқарорсозии баъдиамалиётӣ эҳтиёҷ доранд бистарӣ гардида табобат мегиранд.
Дар шуъбаи мазкур бемориҳои зерин ба табобат фаро гирифта мешаванд:
Ҳолат баъди проктопластикаи чатанӣ, оиди нуқсонҳои аноректалӣ- Атрезияи маъқад бо носурҳои ректовестибулярӣ ва ректовезикалӣ, Эктопияи маъқад.
Бемориҳои пайи баъди амалиётҳои дар ковокии шикам гузарондашуда, оиди перитонитҳо ва ногузориши рудаҳо ва носурҳои баъдиамалиётии рудаҳо:
Бемориҳои урологӣ, оиди носурҳои н.камар, баъди амалиётҳо дар гурда, носурҳои ҳолиб ва иҳлил ва ғайраҳо;
Инчунин ба бемороне, ки гирифтори бемории неврологии SPINA BIFIDA мебошанд, на бо нишонаҳои надошдани фазла ва пешоб дар шуъба бистарӣ мешаванд, балки табобатӣ статсионарӣ мегиранд.
Дар шуъба аз навигариҳои тибби муосир ва навгониҳою методҳои амалиётие, ки дар клиника коркард ва қабул карда шудааст, истифода мебаранд. Аз ҷумла :
- Табобати консервативии реабилитатсионии “Колити музмин” дар даври баъдиамалиётӣ ;
- Табобати физотерапӣ бо якҷоягии “Гимнастика бо усули Кеггел”;
- Бартараф кардани пайҳои ҳалқамонанди баъдиамалиётӣ дар рудаи ғафс бо усули клиника;
- Гузарондани “Миографияи мушакҳои чатан“ барои ташхиси пурраи беморон оиди “Надоштани фазла ва пешоб”
Дар шуъба аз тарафи мудири кафедра, профессору дотсентон ва асистентони кафедраи ҷарроҳии кудакона, анестезиология ва реаниматалогия ДТБКСТҶТ ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва шанбе гардиши ҳафтаинагӣ гузаронида шуда дастуру тавсияҳои клиникӣ дар барномаи табобатии беморон ҳамаруза истифода бурда мешавад.
Дар шуъба усули нави табобати реабилитатсионӣ бо таҷҳизоти нави “Электромиостимулятор Киргизова“ барои муайян кардани мавзеи осебдоштаи мушакҳои ноҳияи чатан дар беморон бо нуқсонҳои модарзодии аноректалӣ: Атрезияи анус, Атрезияи рудаи рост ба роҳ монда шудааст.