Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич
Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич 26-уми октиябри соли 1969 дар н.Фархори вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Аз соли 1977 то соли 1987 дар мактаби миёнаи №8-и н.Фархор таҳсил кардааст. Солҳои 1987 то 1989 ба сафи қувваҳои муссалаҳ дохил шуда, хизмати ҳарбӣ намудааст. Баъди адои хизмат аз паи илму ихтисос, шуда соли 1990 дар ДДТТ ҳамчун донишҷуй қабул гардида, бо ихтисоси педиатор ва дерматовенеролог онро хатм намуд. Аз 08-уми августи соли 1996 то 30-юми июни соли 1997 дар ДТИКТТ кафедраи дерматовенерология интернатураи ихтисоси дерматовенерологияро гузаштааст. Дар солҳои 1997 то 2002 дар беморхонаи марказии шаҳри Фархор кор кардааст. Аз соли 2002 то соли 2009 дар беморхонаи марказии ҳарбии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Номбурда баъди гузаштани такмили ихтисос аз физиотерапия соли 2002 ва ординатори клиникӣ солҳои 2003-2005 аз руи ихтисоси табиатшифоӣ ва варзиш-шифоӣ дар ДТИКТТ таҳсил намуда, ординатураи клиникӣ гузаштааст. Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич- аз 07-уми июни соли 2016 ба ҳайси мудири шуъбаи табиатшофоӣ фаъолияти меҳнатиашро дар МТИ давом дода истодааст.
Оиладор соҳиби 5 фарзанд.