Шуъбаи нефрологии № 2
Шуъбаи нефрологии № 2
Шуъба дар ошёнаи дуюми бинои ҳафтуми бахши соматикии кӯдаконаи Маҷмааи тандурустии Истиқлол ҷойгир буда, аз 10 ҳуҷра ва 20 кати доимамалкунанда иборат мебошад. Кори табобатии шуъба бо чунин бемориҳо дастрас аст: Бемориҳои пиелонефрит шадид, пиелонефрити музмин, тубулопатия фосфат- диабет, гломерулонефрити шадид, гломерулонефрити музмин, систити шадид, сирояти роҳҳои пешобарор, алоими нефротики, нефрити интерстисиали, пучшавии гурда, норасогии шадиди кори гурдаҳо, норасогии музмини кори гурдаҳо, гломерулонефрити зуд авҷгиранда, нефропатияи дизметаболики. Дар беморхона баҳодиҳии ҳолати узвҳои гурда бо чунин муоинаҳои диагностӣ асоснок карда мешаванд: Муоинаи бактериологӣ, муоинаи фаросавтии узвҳои ковокии шикам, гурдаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, муоинаи шуоӣ бо тамографияи компютерӣ контрастӣ, МРТ – гурдаҳо, усулҳои функсионалии ташхис, Муоинаҳои лабараторӣ – таҳлили биохимиявии хун, озмоиши реберг, озмоиши зимнитский, озмоиши ечипоренко.
Кармандони шуъба духтурон 2- нафар (Мудири шуъба дорои дараҷаи олӣ, собиқаи кори 30 сол, духтури ординатор олӣ, аълочӣ, собиқаи кори 36 сол) кормандони миёнаи тиб – 11 нафар (1 нафар дараҷаи олӣ собиқаи корӣ 21 сол, мутахасисони навкор 1 нафар, 9 нафар дараҷаноки надоранд вобаста ба собиқаи кори), кормандони хурди тиб – 12 нафар. Дара-ҷанокии кормандон 100 %-ро ташкил мекунад .