Шуъбаи ғадудҳои дарунӣ
Шуъбаи ғадудҳои дарунӣ
Шуъба дар ошёнаи 6-ми бинои №7 МД МТ “Истиқлол” ҷойгир буда, иборат аз 10 ҳуҷра ва 20 кати хоб, ҳуҷраҳои доругузаронӣ, утоқи мудири шуъба, ҳуҷраи табибон, толори бозиҳо, ошхона ва дигар утоқҳо ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Ҳар як ҳуҷра бо лавозимоти нигоҳубин, ташноб, ҳоҷатхона ва телевизору ДВД таъмин карда шудааст. Вазифаи асосии шуъбаи эндокринологи табобати бемориҳои эндокрини ба шумор меравад.
Дар шуъба ҳамагӣ 23 нафар кормандон фаъолият доранд. Аз онҳо табибон 1 нафар, ҳамшираҳои тиббӣ 10 нафар ва кормандони хурди тиб 12 нафар мебошанд. Мудири шуъба коргари ҷавону болаёқат мебошад 2 сол таҷрибаи кори дорад. Сарҳамшираи шуъба дорои дараҷанокии олии ихтисоснокӣ боз 2 нафар дараҷанокии оли, 2 нафар якум, 2 нафар дуюм мебошанд. Дараҷанокии ҳамшираҳо 70%-ро ташкил медиҳад. Аксарияти кормандонро ҷавонон ташкил медиҳанд.