Роҳбарият
Директор:
Рустамзода Хуршед: 6-апрели соли 1966 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1989 онро хатм намудааст. Аз соли 1989 то соли 1990 ба ҳайси интернаи Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Соли 1993 дар шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи Марказии ноҳияи Данғара ба ҳайси табиби ҷарроҳ кор кардааст.
Солҳои 1993-1995 ҳамчун табиб-ординатори клиникӣ Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиб дар заминаи Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатӣ намудааст.
Солҳои 1995-2001 ҳамчун табиби ҷарроҳ дар шуъбаи 1-уми ҷарроҳӣ, солҳои 2001-2006 муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавии Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ҳамзамон ассисенти кафедраи ҷарроҳияи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиб, фаъолият намудааст.
Солҳои 2006-2007 дар вазифаи Директори Маркази саломатии шаҳрии №10 ва солҳои 2007-2018 ба ҳайси Директори Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 ба номи академик К.Тоҷиев адои вазифа намудааст.
Унвони илмӣ; номзади илмҳои тиб, табиби ҷарроҳи дараҷаи олӣ.
Соли (2008) бо нишонаи сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва соли 2014 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.
Аз соли 2018 то 6-уми майи соли 2020 дар вазифаи Директори МД Марказии тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим фаъолият намудааст.
Бо фармоиши Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз 6-уми майи соли 2020 Директори МДМТ “Истиқлол” таъин гардид.
Оиладор соҳиби 3 фарзан дмебошад.
Муовини директор оид ба хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон:
Азизов Баҳром Ҷурахонович санаи 17-уми ноябри соли 1968 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илми тиб, дотсент.
Соли 1991 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури кӯдакона хатм намудааст.
Соли 1992 ҳамчун табиб-интерн дар беморхонаи марказии шаҳри Бохтар гузаштааст.
Соли 1992 ба ҳайси духтури ҷарроҳии кӯдаконаи Дармонгоҳи №-2 шаҳри Кӯлоб фаъолияташро оғоз намудааст. Солҳои 1994-1996 ординатураи клиникӣ дар кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Академияи баъдидипломии тиббии Санкт-Петербург гузаштааст. Номбурда соли 1996 аспиранти кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Академияи баъдидипломии тиббии Санкт-Петербургро хатм намудааст. Аз соли 1999 то соли 2004 Ассистенти кафедраи ҷарроҳӣ, анестезиология ва реаниматологияи кӯдакона дар ДТБКСТ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2004 то инҷониб дотсенти кафедраи ҷарроҳӣ, анестезиология ва реаниматалогияи ДТБКСТ мебошад.
Номбурда аз соли 2000 то соли 2005 ба ҳайси мудири шуъбаи II-юми ҷарроҳии Беморхонаи клиникии ҷарроҳии кӯдаконаи шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Аз соли 2005 то инҷониб ҳамчун сардухтури беморхонаи мазкур кор намудааст.
Аз санаи 11-уми июни соли 2020 дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба вазифаи муовини директор оид ба хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон таъин гардидааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Муовини директор оид ба хизматрасонӣ ба модарон:
Буракова Дилбар Ғафоровна санаи 8-уми марти соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури амрози занона хатм намудааст.
Соли 1989 ба ҳайси духтури амрози занона дар ноҳияи Ваҳдат фаъолияти хешро оғоз намудааст.
Аз соли 1990 то соли 1992 дар беморхонаи №2 ноҳияи Варзоб ба вазифаи духтури амрози занона кор ва фаъолият кардааст.
Солҳои 1992-1994 ординатураи клиникӣ дар кафедраи акушер-гинекологияи №2 шаҳри Душанбе хатм намуда. Баъди хатми ординатура дар беморхонаи мазкур ба ҳайси гинеколог таъин гардидааст.
Номбурда соли 1999 дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд ба ҳайси духтури амрози занона кор кардааст. Соли 2000 сартабиби беморхонаи мазкур таъин шуда, то соли 2008 фаъолият намудааст. Соли 2008 сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода таъин шудааст. Соли 2014 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мудири бахши модаршавии бехавфи Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оила кор ва фаъолият намудааст.
Соли 2014 ба вазифаи менеҷери сохтори госпиталии ноҳияи Шаҳринав таъин гардида. Ҳамзамон аз соли 2015 дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат кор ва фаъолият кардааст.
Аз санаи 17-уми июни соли 2020 дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба вазифаи муовини директор оид ба хизматрасонии тиббӣ ба модарон таъин гардидааст.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
Муовини директор оид ба иқтисод:
Тошматов Бадриддин Маҳмадович санаи 06-уми ноябри соли 1957 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1974 бошад ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултети иқтисод дохил шуда, дар соли 1978 донишгоҳи мазккурро хатм намудааст.
Баъди хатми Донишгоҳ мувофиқи тақсими роҳхати донишгоҳ ба вазифаи иқтисодчии молияи заводи консервбарории Иттиҳоди Агросаноатии шаҳри Қурғонтеппа, ба кор шуруъ намуда то соли 1981 дар вазифаҳои иқтисодчии молия, баъдан муовини сармуҳосиб шуда кор кардааст.
Аз соли 1982 то соли 1997 дар хоҷагии собиқ Максим Горкийи ноҳияи Бохтар дар вазифаҳои сариқтисодчӣ, сармуҳосиби корхонаи мазкур кор ва адои вазифа намудааст. Солҳои 1998 то соли 2008 дар вазифаҳои сармуҳосиб, сардори Раёсати молия ва хоҷагии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, муовини директори муассисаи истеҳсолии давлатии “Сипар” Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2009 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аввал мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, баъдан мудири шӯъбаи саноат ва савдо ва аз соли 2010 то 2016 муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ шуда кор кардааст.
Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз санаи 22-уми апрели соли 2016 ба вазифаи муовини директор оид ба иқтисод, молия ва хоҷагии Муасссисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” таъин гардидааст.
Оиладор соҳиби 6 фарзанд.
Муовини директор оид ба кори ҳамширагӣ:
Алиева Гулнора Ҳафизовна санаи 20-уми декабри соли 1974 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна.
Соли 1995 Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ бо ихтисоси ҳамшираи тиб хатм намудааст.
Соли 1995 дар беморхонаи ноҳияи мазкур ба ҳайси ҳамшираи тиб фаъолияти кории худро оғоз намудааст.
Аз соли 2016 дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдаконаи №-1”-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба ҳайси сарҳамшираи тиб кор ва фаъолият намудааст.
Аз санаи 18-уми июни соли 2020 ба таври гузариш дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба вазифаи муовини директор оид ба корҳои ҳамширагӣ таъин гардидааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
Сармуҳосиб:
Мирзосаидов Саидхон Саидаҳмадович санаи 07-уми ноябри соли 1982 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2005 Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз хатм намудааст. Солҳои 2005 то 2011-ум дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи заводи таҷҳизоти ғайристандартии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муҳосиб-хазинадор фаъолият намудааст. Сипас аз соли 2012 то соли 2016 дар беморхонаи клиникии ҷарроҳии кӯдаконаи шаҳри Душанбе ба ҳайси сармуҳосиб-иқтисодчӣ кор кардааст. Номбурда аз соли 2016 то инҷониб дар Маркази саломатии шаҳрии №4 ба ҳайси сармуҳосиб фаъолият намудааст. Аз соли 2017 дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба вазифаи муовини сармуҳосиб шартномавӣ фаъолият намудааст.
Аз санаи 22 майи соли 2020 бо Фармони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба таври гузариш ба вазифаи сармуҳосиби Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” таъин шудааст.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.