Шуъбаи ташхиси функсионали
Маълумотнома оиди фаъолият ва намуди ташхисотҳо дар шуъбаи ташхиси функсионалии қисми Ташхисгоҳ
Дар шуъба таҷҳизотҳои муосири Ҷаҳонӣ аз давлатҳои Олмон, Ҷопон, Чин барои ташхиси беморон насб гардидаанд. Дар шуъбаи ташхиси функсионалӣ таҷҳизоти TOSHIBA (Xario 200) истеҳсоли мамлакати Япония мавҷуд аст. Ба воситаи ин таҷҳизот тамоми узвҳои баданро муоина ва ташхис кардан мумкин аст. Бо ёрии датчики конвексиони (ҷигар талхадон ғадуди зери меъда гурдаҳо масона ва дигар бемориҳо) муоина карда мешаванд. Бо датчики линейниги ғадуди сипаршакл мояҳо дар сатҳи рагҳои хунгард муоина карда мешаванд. Ҳатто дар батни модар тифлро допплер кардан мумкин аст. Бо ёрии ин таҷҳизот мо метавонем майнаи сари тифлонро муоина кунем. Инчунин бо ёрии дасстгоҳҳои,
- РЭГ – сабти барқии рагҳои хунгарди майнаи сар.
- ФВД-функсияи нафаскашии беруна.
- Санҷиши тредмилӣ.
- Ташхиси фаросавтии дуплексӣ рагҳои хунгард.
- Нейросонография – ташхиси фаросавтии майнаи сар.
- Ултрасадои рагҳои хунгарди дасту пойҳо ва гардан.
- Сабти барқии дил.
- Эхо доплери дил.
- Эхо ва доплери кори дили тифл дар батни модар.
- Эходоплери ғадуди сипаршакл.
- Эходоплери шараёнҳои узвҳои даруна (гурда, ҷигар, мояҳо, ғадуди шири, шараёнҳои гардан).
- Ултрасадои узвҳои даруна (ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, испуч, гурдаҳо, ғадуди болои гурдаҳо, хичак, ғадуди простата, бачадон, ҳомиладорӣ, ғадуди сипаршакл, ғадуди ширӣ, мояҳо).
- ЭЭГ – сабти барқии майнаи сар гузаронида мешавад.
Шуъбаи ташхиси функсионалии қисми ташхисгоҳ аз рӯзи кушодашавии маҷмааи тандурустии “Истиқлол”ба кор оғоз намудааст ва айни ҳол 40 нафар кор ва фаъолият менамоянд ки, аз онҳо 16 нафар табибон, 12 нафар ҳамшираҳои тиб ва 12 нафар ҳамшираҳои хурди тибб фаъолият менамоянд. Аз табибон як нафар номзади илми тиб, 4 нафар табибони дараҷаи олӣ, 3 нафар табибони дараҷаи якум, ду нафар Аълочиёни Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки онҳо дар дохил ва ҳам берун аз Ҷумҳурӣ донишу малакаи худро баланд намуда ба беморон хизмат менамоянд.