Имруз дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси иттифоқи касабаи муассиса Акбаров Сайдаъзам ифтитоҳ намуда меҳмони ҷаласаро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Сипас бо ҳамовозии аҳли толор суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Акбаров Сайдаъзам аз дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуд.
Мавсуф қайд намуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик ба дастовардҳои намоёни сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид, ки назирашро таърих ёд надорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ, пешрафту тараққиёт, бунёдкориву созандагӣ, ташабусҳои башардустона ва ба ин васила ҷиҳати таъмини шароити зиндагии арзанда ба аҳолии мамлакат қадамҳои устувор гузошт.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ба муваффақиятиҳои назаррас ноил гардид. Аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дастовардҳо равшану возеҳ буда, асосан ба туфайли иродаи сиёсӣ ва устувори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд.
Баъдан сухани табрикӣ ба мудири бахши ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дода шуд.
Мавсуф иштироккунандагон ва ворисони Синои бузургро ба ҷашни фархунда табрик намуда, иброз намуд, ки бо нигоҳи воқеъбинона ба созандагиҳо ва бунёдкориҳои имруз, дармеёбем, ки дар ҳақиқат таи 32 соли соҳибистиқлолӣ қадамҳои бузурге дар роҳи пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз гузошта шудааст. Истиқлоли давлатӣ неъмати бузургест, ки ҳар кадоми моро ҳамчун шаҳрвандони ин Ватан, сарфи назар аз миллат, нажод ва мазҳаб водор месозад, то худро соҳиби ин дастовард ва соҳиби ин марзу бум бидонему фидокорона, содиқона ва софдилона ба хотири фардои дурахшони Ватан-Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тамомоми неру ва азму иродаи хастанопазир ҷаҳду талош намоем.
Дар охир ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон бо ифтихорномаҳову сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.