Шуъбаи ҷарроҳи
Шуъбаи ҷарроҳи
Шуъбаи ҷарроҳӣ, ҳуҷраҳои зеринро дарбар мегирад:
а) ҳуҷраи қабули бемориҳои чарроҳӣ;
б) ҳуҷраҳои захмбандиҳои тоза ва фасодӣ.
в) ҳуҷраи қабули осебшинос.
г) ҳуҷраи гаҷбандӣ.
д) ҳуҷраи захмбандии осебҳо.
е) ҳуҷраи дандонпизишк (стоматолог).
ж) ҳуҷраи қабул ва муоинаи бемориҳои чашм.
з) ҳуҷраи қабул ва муоинаи бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ.
и) ҳуҷраи қабул ва муоинаи бемориҳои урологӣ.
Ҳамаи ҳуҷраҳо бо дастгоҳҳои муосири муоина ва табобат таҷҳизонида шудаанд. Ҳуҷраи қабул ва муоинаи бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ бо дастгоҳи муосири муоина ва табобатии маҷмӯавӣ (ЛОР-комбайн) таъмин гардидааст.
Ҳуҷраи муоинаи бемориҳои чашм бо дастгоҳи муосири авторефрактометр, биомикроскоп, периметри сферикии электронӣ, офталмоскоп ва визометр таъмин аст.
Ҳуҷраҳои захмбандиҳои тоза бо дастгоҳи коагулятори барқӣ (электрокоагулятор) таъмин гаштаанд.
Ҳайати кормандони шуъба аз мутахасиссони соҳибтаҷриба иборат буда, барои расонидани хизмати аввалияи тиббии баландсифат омодаанд.