Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи ҳифзи меҳнат

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи ҳифзи меҳнат

Имрӯз 28-04-2023 дар Муасисаи Давлатии “Маҷмааи Тандурустии Истиқлол” бахшида ба рӯзи ҳифзи меҳнат маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он раиси иттифоқи касабаи муассиса баромад намуда, аз он чумла қайд намуд, ки бо қарори Шӯрои генералии Федератсияи итифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 6 январи соли 2023, №11/2 соли 2023 –“Соли ҳифзи меҳнат” эълон карда шудааст.

Тавре дар Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дарҷ гардидааст, “иттифоқи касаба кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд, бидуни мансубияти он миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қойдаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат  ва муҳити зист таъмин карда шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти  сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда  шавад,  созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шавад ва иҷрои онҳо таҳти назорат корор гирад”.

24 октябри соли 2019 вохӯрии Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, баргузор гардид ва дар баромади худ Сарвари давлатамон баён намуданд, ки масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон яке аз вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбанд ва ин корро нозирони иттифоқҳои касаба амалӣ менамоянд. Ҳамчунин баён карда шуд, ки “Руй додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот сабабгори осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегардад, ки ҳар яке аз ин ҳолатҳо боиси таассуф ва нигарони мебошад.

Ҳодисаҳои нохуш аксаран бо сабаби риоя накардан ё  таъмин набудани шароити бехатарии корӣ рӯй медиҳад. Пешгирӣ ва таъмин намудани шароити бахатари меҳнат нисбат ба ҷуброни зарар дар истеҳсолот ба корфармо якчанд баробар камхарҷ меафтад” —  таъкид доштанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон.