Шуъбаи муолиҷаи оҷилӣ ва наҷоти навзодон
Шуъбаи муолиҷаи оҷили ва наҷоти навзодон, муассисаи соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта дар бинои замонавии 6 ошёна дар ошёнаи 3-ум блоки 8-уми А ҷойгир буда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷъаҳаз гардонида шудааст. Шуъбаи муолиҷаи оҷилӣ ва наҷоти навзодон ҳамчун шуъбаи махсусгардонидашуда ба ҳисоб меравад. Шуъба дорои 12 кат буда барои навзодон ҷудо гардидааст. Шуъба аз 2 ҳуҷраи муолиҷаи оҷилӣ, ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраи тамизгардонӣ, боғӣ зимистона, ошхона, ҳуҷраи мудири шуъба, ҳуҷраи табибон, ҳуҷраи ҳамшираи калон, ҳуҷраи хоҷагидор, либосҷои мардона ва занона, ҳуҷраи мудири шуъба иборат мебошад. Мудири ин шуъба, духтури дараҷаи олӣ Гурезова Г. мебошад. Инчунин дар шуъба неонотологхо ба навзодон хизмат мерасонанд. Дар шуъбаи мазкур 9 –ҳамшира фаъолият мебаранд.
Дар шуъбаи муолиҷаи оҷилӣ ва наҷоти навзодон тамоми муоинаҳои лабараторӣ, гузаронида мешаванд. Аз тарафи мудири кафедра, профессору дотсентон ва асистентони кафедра ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва шанбе гардиши ҳафтаинагӣ гузаронида шуда, дастуру тавсияҳои клиникӣ дар барномаи табобатии беморон ҳамарӯза истифода бурда мешавад.