Шуъбаи ҷарроҳии рентген-эндоваскулярӣ
Шуъбаи ҷарроҳии рентген—эндоваскулярӣ
Шуъбаи ҷарроҳии рентген-эндоваскулярӣ (РЭВ) дар блоки 2 ошёнаи 1-уми қисми Ташхисгоҳ ҷойгир мебошад. Шуъбаи ҷарроҳии РЭВ яке аз шуъбаҳои баландтехнологӣ ва муосир буда, таҷҳизоти асосии он дастгоҳи ангиографии Инфиникс аз ширкати бонуфузи ҷопонӣ – Тошиба мебошад. Аз аввали фаъолияти Маҷмаа дар шуъба зиёда аз 2500 амалҳои ташхисию табобатӣ гузаронида шуд. Якумин амал дар шуъба санаи 7-уми июли соли 2016 (ба бемори 4 сола, ки гирифтори нуқсони модарзодии дил буд, амали пӯшонидани маҷрои кушодаи шараёнӣ бо печдори махсус) гузаронида шуд. Дар шуъбаи ҶРЭВ тамоми таҷҳизоти муосир барои дар сатҳи баланд гузаронидани ташхис ва табобати беморон дастрас мебошад.
Дар шуъбаи ҷарроҳии РЭВ 5 нафар табиб фаъолият мекунанд. Аз онҳо 2 нафар номзади илмҳои тиб буда, 4 нафар дараҷаи якуми касбӣ доранд.
Кормандони шуъба дар шароити Маҷмаа барои табибони беморхонаҳои шаҳри Душанбе се конфронси амали-татбиқ дар сатҳи баланд ташкил карда гузарондаанд. Бояд тазаккур дод, ки мавзуъҳои конфросҳои гузаронида актуалӣ буда, ба ташхису табобати муосири рентген-эндоваскулярии бемориҳои паҳншудаи кишвари мо бахшида шудаанд, аз ҷумла:
- “Усули кори табиби дилшинос ва ҷарроҳи рентген-эндоваскулярӣ ҳангоми Алоими шадиди коронарӣ”;
- “Технолгияҳои муосир дар табобати кӯдакони гирифтори Нуқсонҳои модарзодии дил”
- “Эмболизатсияи шараёнҳои ғадуди простата ҳангоми гипертрофияи хушсифати он (аденома)”.
Боиси ифтихор аст, ки дар шуъба ҷарроҳиҳое гузаронида шудаанд, ки натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ бори аввал гузаронида шудаанд ба монанди:
- Кушодани атрезияи дарғоти шараёни шушӣ бо усули рентген-эндоваскулярӣ (валвулопластика);
- Гузоштани стентҳои коронарие, ки хосияти биодегративӣ доранд, яъне бо гузашти вақт дар дохили шараёни коронарӣ онҳо ҳал (об) мешаванд;
- Пушонидани БАЛКА-ҳо бо эмболҳои махсус пеш аз амали кушодаи ҷарроҳӣ барои беҳтар кардани натиҷаи он, дар беморони гирифтори нуқсони Тетрадаи Фалло.
- Ҳангоми як амали эндоваскулярӣ дар як бемор дар як вақт гузоштани 6 стенти коронарии бо сатҳи доругӣ;
- Дар навраси гирифтори коарктатсияи шоҳраг гузоштани стентграфт;
- Эмболизатсияи шараёнҳои ғадуди простата ҳангоми гипертрофияи хушсифати он (аденома).
- Гузоштани биостент дар сутуни ноҳимояшудаи шараёни коронарии чап дар бемори алоими шадиди коронарӣ дошта.
Ҳамчунин қайд кардан ба маврид аст, ки чандин маротиба дар шароити шуъбаи ҷарроҳии рентген-эндоваскулярӣ бо дастгири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва фондҳои хайриявии Аморати Муттаҳидаи Араб ба 250 нафари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксарияташон кӯдакони аз оилаҳои камбизоат мебошанд, амалҳои эндоваскулярӣ барои ташхис ва табобати нуқсонҳои модарзодии дил дар онҳо ройгон гузаронида шуд.
Табибони шуъбаи ҷарроҳии рентген эндоваскулярӣ:
- Шарипов Уктам Алиҷонович – мудири шуъба, собиқаи кор 16 сол, дараҷаи тахасуси 1-ум.
- Гулахмадов Алишер Давлахмадович – ҷарроҳи рентген-эндоваскулярӣ, собиқаи кор 11 сол. Номзади илми тиб, дараҷаи тахасуси 1-ум.
- Норов Фаридун Хамидович — ҷарроҳи рентген-эндоваскулярӣ, собиқаи кор 16 сол. Номзади илми тиб, дараҷаи тахасуси 1-ум.
- Рафиев Хуршед Абдулваҳобович – кардиореаниматолог/ ҷарроҳи рентген-эндоваскулярӣ, собиқаи кор 12 сол. Дараҷаи тахасуси 1-ум.
- Сафаров Дилмурод Махмадмуродович — Кардио-реаниматолог/ҷарроҳи рентген-эндоваскулярӣ, собиқаи кор 5 сол.