Месяц: Сентябрь 2021

Асосӣ / 2021 / Сентябрь
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Лахшро ифтитоҳ намуданд
Запись

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Лахшро ифтитоҳ намуданд

21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдат бинои шуъбаи бемориҳои сироятиии Беморхонаи марказии ноҳияи Лахшро ба истифода супориданд. Шуъбаи бемориҳои сироятӣ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои 14 ҳуҷра ва 28 кати хоб барои беморон мебошад. Дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд
Запись

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳияро, ки бо 25 кат омода гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Корҳои бунёдӣ дар иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маржа” анҷом дода шудааст. Бино дар масоҳати 720 метри...

Саидбек Сатторов: Марҳилаи дуюми ваксина бар зидди COVID-19 бояд шаш моҳ пас аз марҳилаи аввал сурат гирад
Запись

Саидбек Сатторов: Марҳилаи дуюми ваксина бар зидди COVID-19 бояд шаш моҳ пас аз марҳилаи аввал сурат гирад

Ваксинатсияи такрорӣ, яъне реваксинатсия бояд шаш моҳ  пас аз марҳилаи аввал гузаронида шавад, гуфт мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов ба хабарнигори АМИТ «Ховар». Ба зикри мавсуф, марҳилаи аввали ваксина аз 2 воя иборат буда,  дар марҳилаи  такрорӣ 1 воя ваксина басанда мебошад. «Ваксина...

Мулоқот бо вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон
Запись

Мулоқот бо вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон

17 сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷати Абдулмаликӣ мулоқот намуд. Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам намуда, инчунин доир...

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Эрон
Запись

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Эрон

Имрӯз, 18 сентябри соли равон пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи ду ҷонибро тақвияти бештар мебахшад. Ба Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сарони...

Маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар шаҳри Душанбе 98,9% иҷро гардид
Запись

Маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар шаҳри Душанбе 98,9% иҷро гардид

Бино ба иттилои дастрас то ба ҳолати 17 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда 2 миллиону 268 ҳазору 602 нафар (38,9%) нафар шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида  1 миллиону 480 ҳазору  507 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд. Ҳамзамон,...

Тақдими 10 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба вазорат
Запись

Тақдими 10 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба вазорат

Имрӯз, 7 сентябри соли равон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” маросими  қабули 10 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ, ки ҳамчун кӯмаки башардӯстона аз ҷониби Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, баргузор гардид. Дар маросими қабули нақлиётҳои мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Сафири...

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе бо имконоти клиникаҳои сайёр шинос шуд
Запись

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе бо имконоти клиникаҳои сайёр шинос шуд

Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе бо имконияти клиникаҳои сайёр шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо имконоти клиникаҳои сайёр, ки воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дар он ҳуҷраҳои зарурӣ, аз ҷумла бемориҳои чашм, дил, акушерӣ, ташхисҳои фаросавтӣ, томографияи компютерӣ, ташхиси нурии ғадуди ширӣ, озмоишгоҳ, рентгени рақамӣ, барои...