Мудири шуъбаи умумии Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”

Асосӣ / Мудири шуъбаи умумии Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”

Фатҳуллоев Муқумҷон

Фатҳуллоев Муқумҷон саннаи 01 феврали соли 1958 дар деҳаи Панҷруди ноҳияи Панҷакент дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёнаи №27-и н. Панҷакент як сол дар идораи сохтмонии СУ-34 шаҳри Панҷакент кор карда баъдан моҳи майи соли 1976 ба сафи Артиши Шуравӣ ба хизмат даъват шуда, то моҳи майи соли 1978 дар вилояти Москва дар адои хизмат будаст.

Соли 1979 ба ДДТТ ба номи Абуали Ибни Сино дохил шуда онро моҳи июни соли 1986 хатм намудаст. Фаъолияти кориашро ҳамчун духтури интерн дар шуъбаи ҷарроҳии БКШЁТ сар карда баъдан то соли 1990 дар бригадаи Сайёри БКШЁТ ва ҳамчун ҳамкории дохила дар шуъбаи ҷарроҳии ҳамин беморхона адои вазифа кардаст.

Соли 1990 ӯро мудири зеристгоҳи №4 –уми БКШЁТ таъин карданд ва то марти соли 1993 дар он ҷо фаъолият кардаст. Аз соли 1993 то декабри 1996 ба ҳайси сардори шуъбаи кадрҳои раёсати тандурусти ш.Душанбе кор карда ба таври гузориш сардухтури дармонгоҳи №13 шаҳри Душанбе таъин шудааст ва то июни соли 2006 фаъолият кардаст. Моҳи июни соли 2006 ӯро ба вазифаи директори МСШ №11 ш. Душанбе таъин намуданд. Ва дар ин вазифа то 03 марти соли 2014 кор кардаст.

Аз апрели 2014 то сентябри 2014 сол ҳамчун духтури ҷарроҳ дар ҶДММ “МРД” ш. Душанбе кор кардаст.

Аз моҳи сентябри соли 2014 то майи соли 2016 дар шаҳри Оленегорский вилояти Мурмански ФР ба ҳайси ҷарроҳ дар дармонгоҳ кор кардааст.

Баъдан ӯ дар вазифаи муовини директор оиди КМТ дар МСШ №5 –и ш. Душанбе фаъолият намуда ба таври гузариш аз 07.06.2016 сол аввал ба ҳайси муовини сартабиби дармонгоҳи Маҷмааи тандурустии Истиқлол оиди КМТ, баъдан ба вазифаи мудири шуъбаи умуми таъин карда шудааст.

Оиладор соҳиби 4 – фарзанд.

Ҷарроҳи дараҷаи Олӣ ва ташкилотчии соҳаи тандурусти дараҷаи олӣ. Муалифи 7 – мақолаи илми. Аълочии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи нишони “1025 – солагии Абуали ибни Сино”.