Қисми ташхисгоҳ

Home / Қисми ташхисгоҳ

 Қисми ташхисгоҳ

Қисми ташхисгоҳи маҷмаа – маркази тиббии бисёрсоҳа буда фаъолияти он ба расонидани кӯмаки машваратию ташхисӣ ба аҳолӣ равона шудааст. Дар ташхисгоҳ зиёда аз 1000 усулҳои мухталифи табобатӣ-ташхисӣ, ки наздики 300-тои он дар минтақа беназир маҳсуб меёбад, гузаронида мешавад.

Сартабиби ташхисгоҳ Алиева Зулфия Ҷумаевна мебошад, ки собиқаи 27 солаи корӣ дар соҳаи тандурустиро дорад. Ӯ номзади илмҳои тиббӣ, аълочии соҳаи тандурустии Вазорати тандурустӣ ва Ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вакили Маҷлиси вакилони халқии ш. Душанбе, раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқии ш. Душанбе оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак мебошад.

Дар қисми ташхисгоҳ 135 мутахассиси варзидаи соҳаи тиб, ки дар беморхонаҳои гуногун таҷриба андухтаанд ва миёни онҳо шумораи зиёди номзади илмҳои тиббиянд ба беморон хизмат мерасонанд. Дар ин қисм тамоми таҷҳизоти пешқадами тиббӣ ва дастгоҳҳои  камназир фароҳам оварда шудааст. Яке аз ин дастгоҳҳо «Ангеография» мебошад, ки дар Тоҷикистон то ҳол чунин таҷҳизот набуд. Ҳатто дар кишварҳои ҳамсоя низ ин гуна датсгоҳҳо то ҳол мавҷуд нест, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият аст. Тавасути ин дастгоҳ  ҳам ташхис ва ҳам муолиҷаи рагҳои хунгард ба роҳ монда мешавад. Бемориҳои дил бе буридани қафаси сина,  бо пайваст кардани дастгоҳи хунгардиши сунъӣ метавон ҷарроҳӣ намуд. Ҷарроҳии бемор тақрибан 40 даққиқа давом намуда, муддати бистарии бемор ҳамагӣ як шабонарӯзро дар бар мегирад. Дар ошёнаи якуми ташхисгоҳ шуъбаи нурӣ мавҷуд аст. Дар шуъбаи мазкур беморон имкон доранд аз ташхиси томографияи магнитӣ-резонансӣ, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ ва акси мамографӣ гузаранд. Таҷҳизоти мазкур ҳама гуна нуқсу бемориҳоро дар давраи бармаҳал имкони муайян намуданро доранд.

Дар ҷарроҳхонаи махсусгардонидашуда  барои ҷарроҳиҳои осебшиносӣ ва раддодӣ тамоми таҷҳизоту дастовардҳои навтарини тибби муосир ҷамъ оварда шудааст.  Дастгоҳи дигаре, ки ба стандарти тиллоии ҷаҳонӣ баробар шудааст ин таҷҳизоти ташхисию табобатии «Карлшторси» олмонӣ мебошад. Бо дастгоҳи мазкур ташхиси амиқи бемориҳои буғумҳои зону гузаронида мешавад. Ҷарроҳӣ бидуни кушодани буғум анҷом ёфта,  бемор дар муддати кӯтоҳ шифо меёбад.