Муовини директори маҷмаа оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва хоҷагидорӣ

Асосӣ / Муовини директори маҷмаа оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва хоҷагидорӣ

Тошматов Бадриддин Маҳмадович

06.11.1957 дар деҳоти Заргари ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1974 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14 –и ноҳия Бохтарро хатм намудааст. Соли 1974 бошад ба Донишгоҳи милли Тоҷикистон ба факултаи иқтисод дохил шуда, дар соли 1978 донишгоҳи мазккурро хатм намудааст.

Баъди хатми Донишгоҳ мувофиқи тақсими роҳхати донишгоҳ ба вазифаи иқтисодчии молияи заводи консервбарории Иттиҳоди Агросаноатии шаҳри Қурғонтеппа, ба кор шуруъ намуда то соли 1981 дар вазифаҳои иқтисодчии молия, баъдан муовини сармуҳосиб шуда кор кардааст.

Аз соли 1982 то соли 1997 дар хоҷагии собиқ Максим Горкийи ноҳияи Бохтар дар вазифаҳои сариқтисодчӣ, сармуҳосиби корхонаи назди он кор ва адои вазифа намудааст. Солҳои 1998 то соли 2008 дар вазифаҳои сармуҳосиб , сардори Раёсати молия ва хоҷагии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, муовини директори муассисаи истеҳсолии давлатии “Сипар” Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз соли 2009 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аввал мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, баъдан мудири шӯъбаи саноат ва савдо ва аз  соли 2010 то 2016 муовини Раиси   ноҳияи Исмоили Сомонӣ шуда кор кардааст.

Оиладор соҳиби 6 фарзанд.