Номгӯи хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ

Асосӣ / Номгӯи хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ

Бо қарори  Ҳукумати

            Ҷумҳурии Тоҷикистон

            аз 2 декабри соли 2008, № 600

            тасдиқ шудааст

Номгӯи

хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ

  1. Кӯмаки аввалияи тиббию беҳдоштӣ
  2. Пешгирӣ:
  • машварат ва таблиғи таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим;
  • эмкунии кӯдакон дар доираи барномаи эмкунӣ мутобиқи тақвими миллии эмкунӣ;
  • машварати пӯшида оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти инсон (ВИЧ), аломати норасоии масунияти инсон (СПИД), сироятҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд;
  • назорати ҳолати саломатии кӯдакони то синни 5;
  • муоинаи пешгирии давравии мактаббачагон;
  • назорати диспансерии бемороне, ки ба қайд гирифта шудаанд, ба

истиснои усулҳои иловагии озмоишӣ ва таҷҳизотии таҳқиқ;

  • гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок оид ба пешгирии бемориҳо.

1.2. Ташхис:

муоинаи бемор;

таҳқиқ ва ташхиси заминавии лабораторӣ (ташхиси умумии хун аз рӯи нишондод, ташхиси хун  барои вараҷа (малярия), ташхиси умумии хуни донорӣ барои сирояти бо хун интиқол ёбанда, ташхиси умумии пешоб  аз рӯи нишондод, микроскопияи андудаи пешоброҳӣ ва маҳбалаи ҳомиладор, ташхиси балғам, муайян намудани қанди хун ва пешоб аз рӯи нишондод).

1.3. Муолиҷа:

расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ;

беҳаракат (тасбити) намудани узв;

таъини доруворӣ ва дигар намудҳои муолиҷа;

таъин ва гузаронидани тазриқи тиббӣ (дохили варид, дохили мушак ва зери пӯст);

1.4. Кӯмаки тиббию беҳдоштӣ ба даъватшавандагони хизмати ҳарбӣ.

  1. Кӯмаки тиббӣ дар шароити беморхона:

2.1. Кӯмаки фаврӣ беморхона то баровардани бемор аз ҳолате, ки ба ҳаёташ таҳдид менамояд, мувофиқи номгӯи ҳолатҳое, ки бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд;

2.2. Кӯмак ҳангоми таваллуд ба заноне, ки дар қайд ва назорати мунтазами муассисаи вобастаи тиббӣ мебошанд.

  1. Кӯмаки стоматологӣ намудҳои зеринро фаро мегирад:

3.1.Муоинаи  профилактикӣ чорабиниҳои дорои хусусияти профилактикӣ ба кӯдакон ва ҳомиладорон ду маротиб дар як сол;

3.2. Кӯмаки стоматологии таъҷилӣ.

 

Замимаи № 1

Ба Қоидаҳои ҳампардохти хизматрасонихои тиббию санитарй ба шахрвандони Ҷумхурии Точикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо фармоиши якҷояи Вазири тандурустй ва хифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «05» ноябри соли 2014, №938- 135 тасдиқ карда шудааст.

Номгӯи I

Гурӯхи шаҳрвандопе, ки мутобиқи мақоми иҷгимоӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд

— иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аз ҷумла иштирокчиён ва маъюбони ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва шахсонс, ки бо се дараҷап Ордени Шараф мукофотонида шудаанд;

-қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ;

-ҷанговарони интернатсионалист, собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо;

-нафақахӯрон барои хизматҳои шоён ё махсус;

-гурӯҳҳои шахсоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд;

-маъюбоне, ки ҳангоми адои хизмаги ҳарбӣ захмӣ шудаанд ё осеб бардоштаанд;

-маъюбон аз даврони кӯдакӣ;

-кӯдакони маъюби то синни 18 сола;

-кӯдакони ятим, ки дар хонаҳои давлатии кӯдакон, хонахои кӯдаконаи оилавӣ (оилаҳои қабулнамуда), интернатҳо барои кӯдаконн ятим қарор доранд ва кӯдаконе, ки аз парастории волидайн маҳрум мондаанд;

-кӯдакони то 1 сола;

-маъбони гурӯҳҳои I ва II дар натиҷаи осеббардории меҳнатй, бемориҳои касбӣ ё бемориҳои умумӣ;

-аъзои оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандони яккаву танҳои камбизоат;

-шаҳрвандони бекор. ки расман дар мақомотн шуғли аҳолй ба қайд гирифта шудаанд;

-шаҳрвандони синни 80 сола ва аз он боло;

-бошандагони муассисаҳои иҷтимоии будубоши доимй;

-маъюбон — гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагони хориҷй, ки ба таври расмӣ дар худуди Тоҷикистон будубош менамоянд;

— қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила (дар марҳилаи аввали сар задани ҳолат);

— муоинаи ҳатмии тиббии шахсони никоҳшаванда.

 

 

 

Номгӯи II

 

Гурӯҳи шаҳрвандоне, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои тиббӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд (бо бемории асосӣ)

беморони гирифтори сактаи шадиди дил (дар ду ҳафтаи аввал);

  • беморони мубталои саратон дар стадияи терминалӣ;
  • беморони мубталои гемофилия;
  • беморони мубталои махав;

—   беморони мубталои бемории ҳорӣ;

  • беморони мубталои гулӯзиндонак (дифтерия);
  • беморони гирифтори бемории сил (дар доираи Барномаи ДОТС);
  • беморони гирифтори ВНМО/БПНМ;
  • беморони гирифтори бемории диабети қанди навъи аз инсулин вобаста буда;
  • кӯдакони то 5 сола, ки гирифгори бемориҳои дарунрав ва шадиди роҳҳои нафас мебошанд (дар доираи Барномаи ҲБК).

Эзоҳ: дар сурати хуруҷи беморӣ ва эпидемияи бемориҳои сироятӣ дар минтақаҳо Фонди эпидемиологӣ таъсис дода шуда, чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ ва кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди эпидемиологӣ расонида мешаванд.

 

 

 

 

 

 

Замимаи № 2

ба Қоидаҳои ҳампардохти хизматрасониҳои тиббию санитарй ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо фармоиши якҷояи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «05» ноябри соли 2014, №938-135 тасдиқ карда шудааст.

  Номгӯи гурӯҳҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ ба хизматрасонии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба имтиёзҳо

р/т

Гурӯҳҳои аҳолй Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқук ба имтиёзҳо
 

1.

Иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аз ҷумла иштирокчиён ва маъюбони ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба имтиёзҳо, ки аз ҷониби мақоми ҳифзи иҷгимоӣ дода шудааст
 

2.

 

Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравй, Меҳнати Сотсиалистӣ ва шахсоне, ки бо се дараҷаи Ордени Шараф мукофотонида шудаанд Шаҳодатномаи Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ, Меҳнати Сотсиалистӣ ва се дараҷаи Ордени Шараф
 

3.

 

Ҷанговарони интернатсионалист, собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо Шаҳодатномаи ҷанговарони интернатсионалист, собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо ва шаҳодатномаи нафақавӣ
4. Нафақахӯрон барои хизматҳои шоён ё махсус Шаҳодатномаи нафақавӣ, ки аз ҷониби мақоми ҳифзи иҷтимоӣ дода шудааст

 

 

5.

Гурӯҳҳои шахсоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд Шаҳодатномаи иштирокчӣ ё маъюбии барҳам додани садама дар нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва шаҳодатномаи нафақавӣ
6. Маъюбоне, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбй захмӣ шудаанд ё осеб бардоштаанд Шаҳодатномаи маъюбии хизмати ҳарбй ва шаҳодатномаи нафақавӣ
 

7.

Маъюбон аз даврони кӯдакӣ Маълумотнома дар бораи муайяп намудани гурӯҳи маъюбй ва шаҳодатномаи нафақавй
8. Кӯдакони маъюби то синни 18 сола Шаҳодатномаи нафақавии яке аз волидайн ва таваллуди кӯдак
 

 

9.

Кӯдакони ятим, ки дар хонаҳои давлатии кӯдакон, хонаҳои кӯдаконаи оилавӣ (оилаҳои қабулнамуда), интернатҳо барои кӯдакони ятим қарор доранд ва кӯдаконе, ки аз парастории волидайн маҳрум мондаанд Роҳхати хонаҳои давлатии кӯдакон, кӯдакони оилавй (оилаҳои қабулнамуда), интернатҳо барои кӯдакони ятим
10. Кӯдакони то 1 сола Шаҳодатномаи таваллуд
 

 

11.

Маъбони гурӯҳҳои I ва II дар натиҷаи осеббардории меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ ё бемориҳои умумӣ Маълумотнома дар бораи муайян намудани маъюбии гурӯҳҳои I ва I I дар натиҷаи осеббардории меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ ва ё бемориҳои умумӣ ва шаходатномаи нафақавй
12.

 

Аъзои оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандони яккаву танҳои камбизоат Маълумотномаи комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрй) ё мақомоти ҳифзи иҷтимой
13. Шаҳрвандони бекор, ки расман дар мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд Маълумотномаи мақомоти шуғли аҳолӣ
14. Шаҳрвандони синни 80 сола ва аз он боло Шаҳодатномаи нафақавӣ ва шиноснома
15. Бошандагони муассисаҳои иҷтимоии будубоши доимӣ Маълумотномаи муассисаҳои иҷтимоӣ
 

16.

Маъюбон — гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагони хориҷй, ки ба таври расмӣ дар ҳудуди Тоҷикистон будубош менамоянд Шаҳодатномаи гурезагӣ
 

17.

Қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила (дар марҳилаи аввали сар задани ҳолат) Маълумотномаи комиссияи байниидоравӣ ва ё комиссияи ҳудудии ҷои истиқомат
18.

 

Муоинаи ҳатмии тиббии шахсони никоҳшаванда Маълумотномаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли зист

 

Замимаи № 4

ба Қоидаҳои ҳампардохти хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо фармоиши якҷояи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз  «05» ноябри  соли 2014 ,  №938-135

тасди карда шудааст.

 

 

Ҷадвали нархи миёнаи бемории муолиҷашуда барои муайян намудани андозаи ҳампардохти аҳолӣ барои хизматрасониҳои тиббӣ дар муассисаҳои  давлатии тандурустӣ дар сатҳи  госпиталӣ

(бистаринамоӣ)

№ р\т Гурӯҳбандӣ аз рӯи самти беморӣ ва гурӯҳҳои махсус хароҷотшаванда Нарх (бе назардошти усулҳои ташхисии зарурӣ)  (бо сомонӣ)
100 % 80 %
1. Ҷарроҳияи калонсолон

(ҷарроҳиҳои ҳуфравӣ)

700 560
2. Ҷарроҳияи калонсолон (ҷарроҳиҳои ғайриҳуфравӣ ва дигар амалиётҳои ҷарроҳӣ) 530 425
3. Ҷарроҳияи кӯдакон

(ҷарроҳиҳои ҳуфравӣ)

640 510
4. Ҷарроҳияи кӯдакон (ҷарроҳиҳои ғайриҳуфравӣ ва дигар амалиётҳои ҷарроҳӣ) 430 345
5. Бемориҳои дарунӣ 500 400
6. Бемориҳои кӯдакона 450 360
7. Акушерӣ  бо истифодаи амалиёти ҷарроҳӣ 475 380
 8. Гинекология 425 340
9. Кӯмаки таваллудкунӣ 350 280
Ҳамагӣ  (бе гурӯҳҳои махсусан хароҷотнок) 500 400
10. Гурӯҳҳои  махсусан  хароҷотнок 1700 1360
Ҳамагӣ (бо гурӯҳҳои махсусан хароҷотнок) 620 495