Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” бахшида ба рӯзи байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид. Чорабинии идонаро муовини директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” номзади илмҳои тиб Рустамова Миҷгона Салоҳудиновна ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни миллиамон муборакбод намуд. Мавсуф иброз намуд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки Наврӯз дар партави ғояҳои зиндагиафрӯз ва нусратбахши Истиқлолияти...
Author: МД МТ Истиқлол
Баргузории ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи Модар
Имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” бо иштироки аҳли кормандон, ҳамшираҳои шавкат, занони фаъол ва собиқадори меҳнати соҳаи тандурустӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Ҷамъомади идонаро Раиси иттифоқи касабаи маҷмаа Акбаров С.С. ифтитоҳ намуда, аз номи директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” номзади илмҳои тиб Рустамзода Хуршед бонувони Маҷмаа ва дар...
Боздиди Вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко аз Муассисаи давлатии “Маҷмаии тандурустии Истиқлол”
Имрӯз, 2 марти соли 2023 Вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко бо гуруҳи ҳамроҳонаш аз Муассисаи давлатии “Маҷмаии тандурустии Истиқлол” дидан намуд. Меҳмони олиқадрро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Дар саҳни бинои Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” меҳмононро директори Маҷмааи тандурустии Истиқлол Хуршед...
Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи: Риоя намудани қоидаи бехатарӣ аз сӯхтор
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи: Риоя намудани Қоидаи бехатарӣ аз сӯхтор баргузор гардид, ки дар семинар намояндагони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Семинари мазкурро директори Муассисаи давалатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” номзади илмҳои тиб Рустамзода Хуршед ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки дар сенинари имрӯза сардори шӯъбаи назорати...
Ташреҳу тавзеҳи муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
3 феврали соли 2023 ҷиҳати ташреҳу тавзеҳи муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол” номзади илмҳои тиб Рустамзода Хуршед вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол” баргузор гардид....
Баргузории шурои тиббӣ
Имруз дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” шурои тиббӣ бо иштироки муовини якуми сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Собирзода Ато ва муовини сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ғарибова Назира баргузор гардид, ки дар он ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” дар соли 2022 баррасӣ гардид. Директори...
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Чунонки...
Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!
Имрӯз дар Муассисаи Давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе – Шоҳиён Абдураҳим, шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муҳаммад Ғоиб, роҳбарият ва аҳли кормандони Маҷмаа ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Директори Муассисаи Давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» номзади...
Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузори давлатдории навини тоҷикон
Санаи 11 ноябри соли 2022 дар М.Д. «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» бо ташабуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Конференсияи илмӣ — назариявӣ таҳти унвони «Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузори давлатдории навини тоҷикон» баргузор гардид. Дар конференсия узви Комиссияи оштии миллӣ Кароматулло Олимов, собиқадори ҲХДТ Сайфулло Сафаров, шоира Меҳринисо Бобобекова, Раиси Кумитаи иҷроияи...
28-умин солгарди рузи Конститутсия муборак!
Имрӯз дар Муассисаи Давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандон ва намояндагони аҳли адаб маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Ҷаласаро Директори Муассисаи Давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» номзади илмҳои тиб Рустамзода Хуршед ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни рузи Конститутсия табрик намуданд ва аз номи роҳбарият ва кормандон шоири халқии...