Баргузории шурои тиббӣ

Баргузории шурои тиббӣ

Имруз дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” шурои тиббӣ бо иштироки муовини якуми сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Собирзода Ато ва муовини сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ғарибова Назира баргузор гардид, ки дар он ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” дар соли 2022 баррасӣ гардид.
Директори Муасисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” номзади илмҳои тиб Рустамзода Хуршед ҷаласаро ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфтанд ва онҳоро ба иштирокчиёни ҷаласа муаррифӣ намуданд.
Сипас маърузаи ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” дар соли 2022 шунида шуд.
Аз тарафи Директори муассиса аз дастовардҳо дар соли 2022 ёдоварӣ гардида, ҳамзамон ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳо дода шуд.
Сипас аз тарафи муовини якуми сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Собирзода Ато оид ба маърузаи ироагардида таҳлилҳо сурат гирифта, барои пешрафти фаъолияти муассиса пешниҳодҳо матраҳ гардид.