Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!

Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!

Имрӯз дар Муассисаи Давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе – Шоҳиён Абдураҳим, шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муҳаммад Ғоиб, роҳбарият ва аҳли кормандони Маҷмаа ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Директори Муассисаи Давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» номзади илмҳои тиб Рустамзода Хуршед ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд ва аз номи роҳбарият ва кормандон меҳмононро ба Муассисаи Давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» хайрамақдам намуданд.

Сипас бо ҳамовозии иштироккунандагон гимни Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Директори Муассисаи Давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» барои ироаи сухани табрикӣ суханро ба раиси иттифоқи касаба Акбаров Саидаъзам доданд.

Акбаров Саидаъзам  сухани табрикии Директори Маҷмааро саҳми ҳозирин расонида иброз намуданд, ки Ҳамасола рӯзи 24 ноябр ҳамчун рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

23 ноябри соли 2010 Сарвари давлат зимни ироаи паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, чунин иброз доштанд: «Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Дар конференсияи илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 октябри соли 2009 доир гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки 24 ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон ва ҳамасола ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад.

Дар ҷаҳони муосир Парчами миллӣ- ин нишонаи истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

Дар суханронии худ шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бо шеърҳои пурмазмуни эҷоднамудаи худ аҳли табибонро ба ин рузи ифтихорӣ табрик намуданд ва ироб доштанд, ки дар таърихи давлатдории ҳамаи халқҳои рӯи замин Парчам ҳамчун рамзи зиндагӣ мавқеи хосса дорад. Зеро он нишонаи таъриху фарҳанги мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. Албатта, парчами ҳар як давлат таърихи худро дорад ва он бо саҳифаҳои гуногуни он халқу миллат алоқаманд аст. Ҳамин тавр, таърихи Парчами тоҷикон низ аз дирафши машҳури Коваёнӣ оғоз ёфааст.

Таърихи асотириаш ба иттифоқи кулли маъхазҳои маълум чунон аст, ки пас аз он зулму ситами Заҳҳоки хунхор мардум ба дод омада, Коваи оҳангар пешбанди чармини худро дирафш сохт ва дар таҳти он мардумро алайҳи Заҳҳоки золим шўронд ва пирўз шуд, дирафши мазкур ҳамчун рамзи пирўзии миллӣ бар ҳакимони аҷнабӣ миёни қавмҳои ориёӣ муқаддас дониста шуд. Дар он ҳангом мардумони шўрида Фаридунро бар тахти Эрон шинониданд ва ин дирафшро ҳамчун дирафши хоссаи шоҳ бад-ў бахшидаанд, ки баъд аз ин ҳар шоҳе, ки ба тахт менишаст, дирафши мазкур ба ихтиёри ў дода мешуд.

«Дирафши Ковиён (Ахтари Ковиён) – ҳамчун аввалин дирафши аҷдодӣ-миллии тоҷикон, дирафши бузурги шоҳони асотирии Каёнӣ, таърихи Ҳахоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ буд, ки мувофиқи ривоёти муаррихон аз замони Фаридун боз вуҷуд доштааст, то дар ҳуҷуми араб ба дасти онон афтод ва нобуд шуд. Агарчи ибтидои зуҳури он ба ибороти имрўзӣ «асотирӣ»-ст, вале мавҷудияташ аз давраи империяи бузурги Ҳахоманишиён то ба ҳуҷуми арабҳо комилан собитшуда аст. Яъне, тўли 1200 соли воқеии маълум то зуҳури ислом муқаддастарин дирафши давлатдории эронитаборон будааст.

Соҳибистиқлол гаштани кишвари тоҷикон ба халқу миллат бори дигар имкон дод, ки ба гузаштаи худ назар кунад, аз таърихи аҷдодони худ дарс гирад ва Парчами наверо партавфишон созад, ки воқеан баёнгари кишвари озоду соҳибистиқлоли мо бошад. Зеро рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба солҳое рост омад, ки душманони Заҳҳокнажоди миллат мехостанд, кишварро ба коми нестӣ баранд.

Шоҳиён Абдураҳим дар баромади худ қайд намуданд, ки бо парчами нави давлатӣ орзуҳои нав ва интизориҳои халқи тоҷик ба вуҷуд омад. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ интизориҳои тоҷикистониёнро як муддат зери шубҳа бурд, аммо он дурурдароз давом накард ва баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ умеди мардум ба давлат ва эътиқоди онҳо ба ояндаи созанда дучанд эҳё шуд.

Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 м) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид карда шуд. Дар чунин шакл ва андоза бунёди парчам ифодаи ғурури сатҳи давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, он ифодаи бузургии халқи тоҷик ва давлатдории қадимии он мебошад. Ба ҳар як метри он як давраи таърихии нашъунамои миллию сиёсии тоҷикон рост меояд. Қуллаи парчам қуллаи баланди ташкили давлатдорӣ, давлатдории мустақил мебошад, ки онро тоҷикон ба баҳои талафоти беназири моддию маънавӣ аз тули таърих ба даст овардаанд.

Дар охир Директори Муассисаи Давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» номзади илмҳои тиб Рустамзода Хуршед бори дигар ҷамъомадагонро бо ҷашни рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба хонаи ҳар кадоми онҳо файзу баракат сарҷамъӣ ва ба Тоҷикистони азиз гулгулшукуфоиро таманно намуданд.