28-умин солгарди рузи Конститутсия муборак!

28-умин солгарди рузи Конститутсия муборак!

Имрӯз дар Муассисаи Давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандон ва намояндагони аҳли адаб маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Ҷаласаро Директори Муассисаи Давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» номзади илмҳои тиб Рустамзода Хуршед ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни рузи Конститутсия табрик намуданд ва аз номи роҳбарият ва кормандон шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоро ба Муассисаи Давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» хайрамақдам намуданд.

Сипас бо ҳамовозии иштироккунандагон гимни Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Директори Муассисаи Давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» барои ироаи сухани табрикӣ суханро ба раиси иттифоқи касаба Акбаров Саидаъзам доданд. Номбурда иброз намуд, ки 28 сол муқаддам мардуми шарафманд ва сарбаланди тоҷик ба хотири ояндаи неку дурахшони давлату миллат, бо масъулияти баланди шаҳрвандию инсонӣ дар давраи басо мушкил Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд ва аз шарофати он имрўз дар кишвар эъмори ҷомеаи ҳукуқбунёд бомаром идома дорад.

Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт. Қабули Конститутсия, агар аз як тараф дастоварди таърихӣ буда, аз ҷониби дигар татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Мавсуф ба дигар паҳлуҳои самаровари Конститутсия низ ибрози таваҷҷуҳ намуд.

Сипас Директори Муассисаи Давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» суханро ба барандаи ҷоизаи Абуабдулло Рудакӣ, Шоири халкии Тоҷикистон Камол Насрулло доданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ҳозиринро ва дар симои онҳо тамоми табибон ва мардуми шарафманди кишварро бо ин ҷашни пурифтихор табрик намуда, иброз намуданд, ки миллати мо ҳануз дар даврони Куруши Кабир Конститутсияи худро дошт, ки онро аҳли башар эътироф намуданд ва имроуз бошад, Конститутсияи мо фарогири ҳамаи ҷабҳаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарогири армонҳои халқи мо мебошад. Камол Насрулло ҳамаи дастовардҳои 28 соли охирро маҳз ба қабули Конститтусия Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт доданд.

Сипас аз тарафи Шоири халқии Тоҷикистон шеърҳои дар васфи табибон, дар васфи модар, дар васфи Тоҷикистони маҳбуб эҷодгардидаи Шоир қироъат гардид.

Дар охир Директори Муассисаи Давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» номзади илмҳои тиб Рустамзода Хуршед бори дигар ҳозиринро ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ин ҷашн муборакбод намуда, ҷаласаро пушида эълон намуданд.