3 феврали соли 2023 ҷиҳати ташреҳу тавзеҳи муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол” номзади илмҳои тиб Рустамзода Хуршед вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол” баргузор гардид.
Зимни суҳбат намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбарзода Нурмаҳмад оиди Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал маълумот дод.
Оиди нақша чорабиниҳои амалишавии Стратегия истода оиди ҳар як паҳлуи он ва натиҷаҳои ба дастомада дар ин самт равшанӣ андохта шуд.
Нисбати мавҳумҳои хешу таборӣ аз нигоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия, хизматчии давлатӣ, манфиати давлатӣ ва шахсӣ муфассал истода гузашт.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ дар хусуси иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муборизаи қатъӣ бо коррупсия, ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ва ба ин васила решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб муҳокимаронӣ сурат гирифт.
Дар охир намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбарзода Нурмаҳмад ба саволҳои мутахассисону кормандон ҷавобҳои саҳеҳ дода дар фаъолияти онҳо муваффақият хоста таъкид намуд, ки мақсад аз вохурии имруза бори дигар ҳушдор намудани мутахассисон мебошад, ки ба ҳолатҳои характери коррупсионидошта роҳ надиҳанд. Хизматҳои мутахассисони варзидаву таҷрибадор дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” хело зиёд аст ва ҳамагон инро медонанд ва баҳои мусбат медиҳанд.
Дар охир аз номи иштироккунандагон Директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” номзади илмҳои тиб Рустамзода Хуршед ба Акбарзода Нурмаҳмад изҳори сипос намуда, бовар кунонд, ки ин вохурӣ барои фаъолияти софдилонаи ҳар як мутахассис такони ҷиддӣ медиҳад.