Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи:  Риоя намудани қоидаи бехатарӣ аз сӯхтор

Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи: Риоя намудани қоидаи бехатарӣ аз сӯхтор

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи: Риоя намудани Қоидаи бехатарӣ аз сӯхтор баргузор гардид, ки дар семинар намояндагони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Семинари мазкурро директори Муассисаи давалатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” номзади илмҳои тиб Рустамзода Хуршед ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки дар сенинари имрӯза сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори РХДО шаҳри Душанбе, подполковники хизмати дохилӣ Абдуллозода М.А. ва сардори Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, подполковники хизмати дохилӣ Шарифзода А. иштирок доранд.

Дар семинари омӯзишӣ сардори шуъбаи назорати давлати бехатарӣ аз сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, подполковники хизмати дохилӣ Абдуллозода М.А. оид ба ҷабҳаҳои гуногуни масъалаи таъмини бехатари аз сӯхтор ва роҳ надодан ба оқибатҳои фоҷиабори он ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон сӯҳбат намуд.

Номбурда аз дар таҳрири нав қабулгардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва вобаста ба амалӣ намудани талаботҳои он аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расидани як қатор қарорҳои дахлдор ёдоварӣ намуд.

Дар охири ҷаласа директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” Рустамзода Х. ҳозиринро бори дигар барои ташкил ва гузаронидани чунин семинари омӯзишӣ миннатдорӣ намуда, иброз намуд, ки баъди баргузории чунин чорабинӣ ҳамаи мо як хулосаи муҳим бароварда, дар оянда кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бехатари аз сӯхтори Муассисаи ба зимма доштаамон ва муҳимтар аз ҳама бехатарии ҳаёту саломатии сокинону шаҳрвандони кишварамонро қатъиян таъмин менамоем.