Боздиди Вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко аз Муассисаи давлатии “Маҷмаии тандурустии Истиқлол”

Боздиди Вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко аз Муассисаи давлатии “Маҷмаии тандурустии Истиқлол”

Имрӯз, 2 марти соли 2023 Вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко бо гуруҳи ҳамроҳонаш аз Муассисаи давлатии “Маҷмаии тандурустии Истиқлол” дидан намуд. Меҳмони олиқадрро Вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Дар саҳни бинои Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” меҳмононро директори Маҷмааи тандурустии Истиқлол Хуршед Рустамзода ва маъмурияти маҷмаа пешвоз гирифтанд.

Дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко  аз бахшҳои ҷарроҳӣ дидан намуд.

Ба меҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи мазкур бо навтарин таҷҳизот ва лавозимоти тиббии сатҳи ҷаҳонӣ таъмин буда,  дар он мутахассисони варзида ба беморон хизмат мерасонанд.

Махсусан, дар инҷо барои гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ низ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Вазири тандурустии Федератсияи Россия ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо байни муассисаҳои тиббиву табобатии ду кишвар иброз дошт.