ТАНЗИМ БАРАКАТИ РӮЗГОРИ МАРДУМИ МОСТ

ТАНЗИМ БАРАКАТИ РӮЗГОРИ МАРДУМИ МОСТ

ш.Душанбе, 20.07.2017,  Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»  бо иштироки роҳбарон ва намояндагони сохтору муассисаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти корӣ доир гардид, ки дар он паҳлуҳои гуногуни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор гирифт.

Мулоқот таҳти раёсати муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ сурат гирифта, дар кори он кормандони соҳаи Тандурустии шаҳри Душанбе   иштирок доштанд.

Тавре гуфта шуд, бо амалӣ гардиданӣ қонун ва риоя шудани ҳамаи муқаррароти он, инчунин бо камхарҷ гузаронидани маъракаҳову пасандоз намудани маблағҳои зарурӣ мо сокинон метавонем ба ҳалли бисёр мушкилиҳои рӯзгор бирасем.

Аз ҷумла он маблағу хароҷототҳое, ки ҳангоми баргузории тӯйю маъракаҳо, гузаронидани маросимҳои аъзодорӣ сарфа менамоем хубтару беҳтар мешуд барои илмомӯзии фарзандони хеш, ба монанди таҳсилу забономӯзӣ машғул ва комёб шудан ба дастовардҳои илмиву варзишӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, дохил шудан ба муассисаҳои оливу касбии дохил ва хориҷи кишвар, шароити хуб барои рӯзгору истироҳат ва дастгириву саховат ба ниёзмандон равона созем.

Таъкид гардид, ки мо сокинонро зарур аст тамоми арзишҳои фарҳангии хешро ҳифз намоем ва аз тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернетӣ худро эмин нигоҳ дорем. Ҳамчунин аҳли хонаводаамонро бар он водор созем, ки аз зуҳуроти бегонапарастиву тақлид, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо, зоҳирпарастӣ бо пӯшидани либосҳои бегона арзишҳои фарҳанги милии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира насозанд. Зеро ин ҳама, хатар ба забону фарҳанг, бахусус расму ойинҳои миллии  моро дорад.

Инчунин таъкид гардид, ки ин ташаббус дар марҳилаи давлатсозиву давлатдории мо тоҷикон заминаҳои муҳими зиндагии арзанда ва рушди босуботи созандагиву бунёдкориро барои расидан ба мақсаду маром ва ҳадафҳои стратегии кишвар ба бор оварда, ба садҳо мушкилоти дар рӯ ба рӯи мо қарордошта роҳ кушод.  Дар вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ гардид, ки қабули қонун ба ҳайси яке аз иқдомоти муҳимтарин ва таърихӣ дар роҳи эҳё, ҳифз ва рушди анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард.