Пешгирии ҳолатҳои сӯхтор дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”

Пешгирии ҳолатҳои сӯхтор дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”

Рӯзи 7-уми июн конрмандони Раёсати хадамоти Давлвтии оташнишонии шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ, кормандони шабакаҳои барқии ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин ёрии таъҷилӣ  бо мақсади пешгирӣ намудан аз ҳолатҳои ногувори сӯхтор бо кормандони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” вохури анҷом доданд.

Дар оғоз фармондеҳи ҳайъати шахсии Раёсати хадамоти Давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ба ҷамъомадагон  холатҳои пешгирӣ намудан аз сӯхторо ба таври шифоҳӣ   фаҳмониданд.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар дохили биноҳо ҷумакҳои оташнишонӣ бо қутри 51-мм гузошта шудааст. Бо мақсади хомӯш намудани сӯхтор дар ҳудуди иншооти мазкур 16-адад гидранти оташнишонӣ мавҷуд аст, ки дар ҳолатҳои сар задани ҳодисаҳои нохушӣ сӯхтор истифода мешаванд. Баъдан тамоми роҳу усулҳои пешгирӣ аз оташ, тахлияи беморон тавасути техника аз ошёнаҳои баланд, ёри расонидан ба беморон, тарзи дуруст истифода бурдани ҷумакҳое, ки дар дохили маҷмаа насп гардидаанд  ба таври амалия сурат гирифт.