Манфиати шири модар

Манфиати шири модар

Ҳамасола дар 10 рузаи моҳи август бахшида ба дастгирии ғизодиҳии табии кудакон даҳаи синамаконӣ гузаронида мешавад.

Дар ҳамин замина санаи 08.08.2017с. дар МТИ бахшида ба рузи  дастгирии ғизодиҳии таббии кӯдакон ҷамъомад  баргузор гардид.

Дар ҷамъомад кормандони маркази солимии репродуктовии дармонгоҳи МТИ   оиди аҳмияти шири модар сухан ронда иброз доштанд, ки  шири модар аз витаминҳо, чарбҳо карбогидрадҳо бой буда кӯдакро аз бемориҳои сурхча, дарунрави шамолхури ва гул эмин нигоҳ медорад.

Иброз гардид,ки  истифодаи  шири сунъи ҳам ба буҷаи оила ва ҳам ба саломатии кӯдак зарар ворид менамояд. Ҳамин тариқ кормандони соҳаи тиб тамоми ҷуъиётҳои манфиатбахш будани шири модарро ба ҷамъомадагон фаҳмониданд.

Дар охир барои болидаруҳии ҳозирин барномаҳои ҷолиб доир ба манфиатбахш будани шири модар баргузор гардид.